Бонки миллӣ ба “Ташкилоти суғуртавии Такаффул” то соли 2025 иҷозатнома дод

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба “Ташкилоти суғуртавии Такаффул” барои амалӣ намудани фаъолияти суғуртавӣ то соли 2025 иҷозатнома дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Қарори мазкур аз сӯи Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон санаи 9 июни соли равон ба имзо расидааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин ниҳоди молиявӣ.
Тибқи иттилои манбаъ, қарори мазкур бинобар сабаби тағйир ёфтани маҳалли ҷойгиршавии ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Такаффул” сурат гирифтааст.
“Қарори мазкур мутобиқи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Такаффул” барои амалӣ намудани фаъолияти суғуртавӣ тавассути аз нав ба расмият даровардан ба муҳлати то 22 сентябри соли 2025 Иҷозатнома дода шуд”, - иттилоъ додааст БМТ.
Ба бозори Тоҷикистон бонки ҷадид “Душанбе сити бонк” роҳ ёфт
Манбаъ қайд кардааст, ки тибқи қарори мазкур Иҷозатномаҳои “Ташкилоти суғуртавии Такаффул”, ки барои амалисозии фаъолияти суғуртавӣ аз 07 майи соли 2019, ва 22 сентябри соли 2020, дода шуда буданд, аз эътибор соқит дониста шуд.
Ҳамзамон роҳбарияти Бонки миллӣ, Идораи назорати суғуртавиро барои ворид намудани сабти дахлдор дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта вазифадор намудааст.
Ёдрас мешавем, ки дар ҳоли ҳоззир дар бозори Суғуртаи Тоҷикистон 18 ширкати суғуртавӣ фаъолият даорад.