Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Марзи байни Қрим ва Херсон бардошта мешавад

Дар оянда марзи миёни вилояти Херсон ва Қрим бардошта хоҳад шуду имконияти комили ҳамлу нақли бор, аз ҷумла гандум фароҳам мегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Марзи миёни вилояти Херсон ва Қрим бардошта мешавад, иттилоъ дод РИА "Новости" аз қавли ноиби мудири ҳукумати ҳарбӣ-шаҳрвандӣ Кирилл Стремоусов.
"Фикр мекунам, дар дурнамо сарҳад умуман лағв мегардаду интиқоли гандум ва дигар намудаи ғалла на танҳо ба Русия, балки ба дигар давлатҳо ба таври густурда роҳандозӣ мешавад", - изҳор доштааст ӯ.
Қаблан Стремоусов изҳор дошта буд, ки сарҳади вилояти Херсон бо минтақаҳои Украина, ки таҳти назорати режими Киев қарор доранд, ба хотири амният баста шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло имкон аст, ки аз ин минтақа ба Қрим ва ё қисмати озодшудаи вилояти Запороже ва аз он ҷо ба Ҷумҳуриҳои Мардумии Донбасс сафар кард.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҷараёни амалиёти вижа низомиёни Русия вилояти Херсон ва қисмати Азови вилояти Запорожеро таҳти назорат гирифтанд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Вуруди беш аз 18 ҳазор гуреза дар як шабонарӯз ба Русия
Дар минтақаҳо мудириятҳои низомӣ-шаҳрвандӣ ба кор, шабакаҳои телевизионӣ ва радиоҳои Русия ба пахши барномаҳо шуруъ карданд ва робитаҳои тиҷоратӣ бо Қрим барқарор мешаванд.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки 8 сол боз таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Ба гуфтаи вазорати дифоъ, то охири моҳи март артиши Русия вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро анҷом дод - он зарфияти ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дод. Ҳадафи асосӣ дар ин ниҳод озодкунии Донбасс номида шуд.