ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Манобеи маҳаллӣ дар вилоят Панҷшер гуфтаанд, ки толибон ҳамзамон бо авҷгирӣ набардҳо бо Ҷабҳаи муқовимат Мавлавӣ Муҳамаднасими Нуриро ба ҳайси волии Панҷшер таъйин намуданд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба расонаҳои маҳаллӣ.
Ба гуфта манбаъ, Ҳибатуллоҳи Охундзода, раҳбари толибон батозагӣ Муҳамаднасимро ҷойгзини Мавлавӣ Қудратуллоҳи Аминӣ, волии панҷшер кардааст.
Манобеъ хабар доданд, ки волии тозатаъйини толибон барои Панҷшер бошандаи вилояти Ҳилманд ва миллаташ паштун аст.
Толибон то кунун ба гунаи расмӣ дар ин маврид чизе нагуфтаанд.
Гуфтанӣ аст, ки аз ҳудуди даҳ сол ба ин сӯ Мавлавӣ Қудратуллоҳи Аминӣ, волии номниҳоди толибон барои Панҷшер буд. Ӯ бошанда аслии вулусволии Париёни вилоят Панҷшер аст ва аз сӯйи Мулло Бародар, муовини раисулвузаро ва Мулло Ёқуб, сарпарасти Вазорати дифои толибон ҳимоят мешавад.
Мавлавӣ Муҳамаднасим дар ҳоле ҷойгзини Мавлавӣ Қудратуллоҳи Аминӣ шудааст, ки пеш аз ин манобеъ муддаӣ буданд, ки толибони бумии Панҷшер салоҳияти раҳбарии ҷанг бо нерӯҳои ҷабҳаи муқовиматро надоранд.