ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Мавсими нави Қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои занона аз сабқати тими "Конибодом" ва "Ҳосилот" -и ноҳияи Фархор оғоз мегардад.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар маҷмуъ дар қаҳрамонӣ 10 дастаи занона ширкат мекунанд.
Дар ин феҳраст тими "Зебонисо" (Душанбе), "Ситора" (Шаҳринав), "Суғд" (Суғд), "Бунҷикат" (Шаҳристон), "Конибодом" (Конибодом), "Хатлон" (Бохтар), "Ҳосилот" (Фархор), "Зебо" (Дӯстӣ), "Бешкент" (Носири Хусрав) ва Муассисаи давлатии Мактаби варзишии Кӯлоб (МДМВ) номбар шуданд.
ФФТ афзуд, ки 5 июн дар рӯзи аввали мавсим 5 бозӣ баргузор мегарданд:
"Конибодам" (Конибодом) – "Ҳосилот" (Фархор)
"Зебо" (Дӯстӣ) – "Суғд" (Суғд)
"Ситора" (Шаҳринав) – "Зебонисо" (Душанбе)
"Хатлон" (Бохтар) – МДМВ (Кӯлоб)
"Бунҷикат" (Шаҳристон) – "Бешкент" (Носири Хусрав)
Мавсими нави Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон дар ду давр баргузор мешавад ва дар он ҳар даста ҳам дар хона ва ҳам дар меҳмонӣ бозӣ мекунад.
Бар асоси натиҷаи қуръакашӣ, ки қаблан дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон сурат гирифт, бозиҳои рӯзи 12 июн низ мушаххас шуданд.
"Ҳосилот" (Фархор) – "Бешкент" (Носири Хусрав)
МДМВ (Кӯлоб) – "Бунҷикат" (Шаҳристон)
"Зебонисо" (Душанбе) – "Хатлон" (Бохтар)
"Суғд" (Суғд) – "Ситора" (Шаҳринав)
"Конибодом" (Конибодом) – "Зебо" (Дӯстӣ)
Дар маҷмӯъ, дастаҳо дар як мавсим 18 бор ба майдон хоҳанд баромад, ки ҳам дар майдони худ ва ҳам дар меҳмонӣ сурат мегирад.
Таъкид шудаст, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон барои дастаҳои занона либосҳои варзишӣ, тӯб ва пойафзолро таъмин намуда, инчунин ҳаққи музди доварон, роҳкиро ва будубоши дастаҳоро дар бозиҳои сафарӣ пардохт мекунад.