ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон сармутахассиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Абдураҳмон Ҷомиро боздошт кардааст.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда дар давраи фаъолияташ бо сӯистифода аз мақоми хидматияш даст ба қаллобӣ задааст.
Гуфта мешавад, дастгиршуда бо мақсади тасарруф кардани молу мулки ғайр ва сӯистифодаи боварӣ дар хусуси ҷудо кардани 0,06 га қитъа замини наздиҳавлигӣ аз ҳисоби заминҳои ҳудуди ноҳияи мазкур аз шаҳрванд "А" 9000 сомонӣ талаб карда гирифтааст.
Дар робита ба ин ҳолат нисбати сармутахассиси Кумитаи замин дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо моддаҳои 247, қисми 2, бандҳои "в", "г" ва 3381, қисми 2, банди "в", Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Бояд гуфт, дар сурати тасдиқи ин иттиҳомот ба боздоштшуда ҷарима ба андозаи аз 23 то 58 ҳазор сомонӣ ва ё аз 2 то панҷ соли зиндон бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян таҳдид мекунад.
Назари худи муттаҳам ё ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия феълан маълум нест.