ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия дар ҷараёни даври чаҳоруми машваратҳои бисёрҷониба оид ба мушкили Афғонистон гуфт, Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш ба Афғонистон хисороти аз ҳама бештар расонидаанд.
Ба гуфтаи Патрушев, маҳз ҳамин давлатҳо бояд бори гарони харҷи бозсозии Афғонистонро бар дӯш гиранд.
"Мо итминон дорем, баъд аз ҳама корҳое, ки Ғарб дар хоки Афғонистон анҷом дод, вай ҳақ надорад, ки бозиҳои геополитикии худро дар он ҷо идома диҳад", - афзуд дабири Шӯрои амнияти Русия.
Илова бар ин Патрушев ба озод кардани дороиҳои Афғонистон, ки аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида ғайриқонунӣ баста шудаанд, ба манзури рушди тарҳҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар Афғонистон даъват кард.
Ёдовар мешавем, Николай Патрушев рӯзи 27 май барои ширкат дар даври чаҳоруми машваратҳо оид ба мушкили Афғонистон вориди Душанбе шуд.
Дар нишасти мушовирони амнияти миллӣ ва дабирони шӯроҳои амниятии Ҳинд, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон чолишҳо ва таҳдидҳо аз қаламрави Афғонистон матраҳ шудаанд.