ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Бюрои федералии тафтишотии ИМА сӯиқасд ба ҷони Ҷорҷ Бушро пешгирӣ кардааст.
Гуфта мешавад, ки Шиҳоб Аҳмад Шиҳоби 52-сола қасд дошт, аз раисҷумҳури собиқи Амрико барои амалиёти низомӣ дар Ироқ қасос бигирад, ки аз он ҷо ба Оҳайо кӯчидааст.
Кормандони Бюрои федералӣ дар бораи нақшаҳои ӯ бинобар иттилоърасони махфӣ огоҳ шудаанд. Эҳтимол меравад, ки ин мард бо "Давлати исломӣ" робита дошта бошад*.
Вай ба Техас омад, то хонаи Бушро ба навор гирад. Бюрои федералӣ нақшаҳои ин марди мусаллаҳро пас аз ковиш дар аккаунти "WhatsApp"-и ӯ фош кардааст.
Гумонбар аллакай боздошт шуда, иқрор шудааст, ки қасд дошт, чаҳор шаҳрванди дигари Ироқро ба ташкили куштор ҷалб кунад. Онҳо дар Ироқ, Туркия, Миср ва Дания зиндагӣ мекунанд.
Ин мард нияти худро ба он рабт дод, ки ӯ раисҷумҳури пешини Амрикоро масъули марги ҳазорон ироқӣ пас аз ҳамлаи артиши Амрико ба кишвараш дар соли 2003 медонад.
Ёдовар мешавем, Буш ҳамлаи ИМА ва муттаҳидонаш дар Ироқро роҳбарӣ мекард, ки бисёриҳо онро беасос меҳисобанд. Мақомоти ин кишвар гуфтаанд, ки ҳадафашон мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва ҷустуҷӯи силоҳи қатли ом аст.
Дар ин ҷанг беш аз 4000 низомии амрикоӣ ҳамроҳ бо даҳҳо ҳазор ғайринизомии ироқӣ кушта шудаанд.
Дар соли 2011 ин амалиёт анҷом дода шуд ва аксари низомиёни амрикоӣ бо дастури раисҷумҳур Барак Обама ин кишварро тарк карданд. Аммо дар соли 2014 контингенти амрикоӣ ба далели ҷанг дар Сурия ва тақвияти ДОИШ дубора тақвият ёфт.
* - "Давлати исломӣ" (ДОИШ) созмони террористиест, ки дар Русия мамнуъ аст.