Дипломати баландпояи ИМА ба Тоҷикистон меояд

Ҳуқуқи башар, пуштибонӣ аз гурезаҳои афғонистонӣ, таъмини амният ва баланд бардоштани нақши занон аз мавзуъҳои мақомдорони амрикоӣ ба Тоҷикистон арзёбӣ шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Доналд Лу, ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ ҳамин ҳафта ба Тоҷикистон меояд.
Дар ин бора хабаргузории давлатии Тоҷикистон - "Ховар" бо такя ба Департаменти давлатии ИМА хабар дод.
Манбаъ афзуд, интизор меравад, ки Лу дар садри як ҳайати амрикоӣ рӯзҳои 23-27 май аз минтақаи Осиёи Марказӣ боздид намояд. Дар баробари Тоҷикистон сафараш ба Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон низ дар назар аст.
Таъкид шудааст, ки мақсади сафар тақвият бахшидани равобит бо минтақа ва талошҳои муштарак барои ҳамбастагию амният дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Қарор аст, дар Тоҷикистон ҳайати Амрико бо шахсони расмии баландпоя ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дидору гуфтугӯ карда, ироаи кумакҳои башардӯстона ва дигар пуштибонӣ ба гурезаҳои афғонро баррасӣ намояд.
Лавров: Ғарб ҳадафҳои худро болои кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳмил мекунад
Ҳуқуқи башар ва ташаббусҳои муштарак дар заминаи амнияти ғизоӣ ва нақши занон дар ҷомеа аз мавзуъҳои дигари сафари дипломати амрикоӣ ба Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.
Инчунин ёвари котиби давлатӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш дар Душанбе дар машваратҳои солонаи дуҷонибаи Амрико ва Тоҷикистон иштирок мекунанд, ки мақсади он рушди равобити иқтисодӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар саҳои амният арзёбӣ мегардад.
Ҳайати амрикоӣ аз мудири аршади Шӯрои амнияти миллӣ оид ба Русия ва Осиёи Марказӣ Эрик Грин, муовини ёвари вазири мудофиа оид ба Афғонистон, Покистон ва Осиёи Марказӣ Ребекка Тсиммерман, муовини ёвари мудири Бюрои осиёии Агентии рушди байналмилалӣ Анҷали Каур ва муовини роҳбари дастгоҳи Корпоратсияи молиявии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ Наз Алхатиб иборат аст.