ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар робита ба хурӯҷи сирояти нав - обакони маймун, нишасти изтирорӣ баргузор мекунад.
Дар ин бора рӯзномаи "Telegraph." хаӣар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки мавзӯъи аслии ин нишаст роҳҳои интиқоли ин беморӣ, густариши он дар миёни ҳамҷинсгароён ва ҳамчунин вазъи ваксинҳо хоҳад буд.
Ин беморӣ аллакай дар чанд кишвар, аз ҷумла Бритониёи Кабир, Португалия, Испания, Белгия, Фаронса, Шветсия, Итолиё, Австралия ва Канада сабт шудааст.
Обакони маймун як сирояти нодир аст, ки аз одам ба одам низ мегузарад. Ин одатан як бемории сабук аст ва аксари одамоне, ки мубтало мешаванд, дар давоми чанд ҳафта шифо меёбанд, аммо баъзеҳо метавонанд онро бо мушкил паси сар кунанд.
Коршиносон таъкид мекунанд, ки бемории обакони маймун сирояти тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда маҳсуб намеёбад, балки метавонад тавассути тамоси наздик бо шахси сироятшуда паҳн шавад.
Аломатҳои аслии ин беморӣ табларза, дарди сар, дарди мушакҳо, дарди пушт, варамӣва хастагӣ мебошанд.
Метавонад аксар вақт дар рӯй пайдо шавад ва сипас ба дигар қисмҳои бадан паҳн мешавад.