Медведев оқибатҳои даҳшатбори дефолти Русияро барои ҷаҳон номбар кард

Дар сурати эълони дефолти "сиёсӣ" аз ҷониби Русия ИМА ба пайомадҳои густурда дучор мешавад ва чунин тадобир ба вазъи молии Маскав таъсир намерасонанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Иёлоти Муттаҳида мехоҳад, Русияро аз ҳаққи пардохти уҳдадориҳои қарзиаш бо доллар маҳрум созад.
Ба гуфтаи муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев, ин барои Маскав "бадтарин тасмим нест".

"Аввал ин ки ҳама дарк мекунанд, ин дефолти сиёсӣ аст, на молӣ. Русия қодир аст, ки ҳар гуна уҳдадориҳои худро бо ҳар асъор пардохт кунад, агар мушкилоти сунъӣ эҷод накунанд", - навиштааст муовини раиси Шӯрои амнияти Русия дар саҳифааш дар "Telegram".

Вай таъкид кард, ки дефолти сиёсӣ ба эътибори воқеии молии Маскав таъсире нахоҳад гузошт.
Ҳамчунин монеаҳои ИМА бояд "аз ҷониби додгоҳ ё ҳамчун ҳолати форс-мажор ё ҳамчун рафтори гунаҳкори кредитор баррасӣ шаванд", - гуфт Медведев.
Коршинос: Саркашӣ аз пардохти пули газ бо рубл боиси болоравии нархҳо дар Аврупо мешавад
Чунин амалҳо дорандагони қарзи амрикоиро бе пули Русия мемонанд. Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия гуфт, ин иқдоми "қавии Байден барои таҳкими эътимод ба низоми молии ӯ дар пасманзари таваррум ва буҳрони энержӣ аст".
Русия метавонад уҳдадориҳои худро бо рубл иҷро кунад, ки дар шароити кунунӣ як қадами асоснок хоҳад буд.

"Ё умуман пардохт нашавад ва пул маҳз ба ҳамон ҳадафҳое истифода мешавад, ки ба мардуми амрикоӣ чандон писанд нахоҳанд буд", - хулоса кард Медведев.

Сиёсатмадор вазъиятро бо мақоли "касе, ки охирин механдад, беҳтар механдад", тавсиф карда, онро ба забони англисӣ тарҷума кардааст.
"Bloomberg": Манъи воридоти нафти Русия барои Ғарб худкушӣ хоҳад буд
Қаблан "Bloomberg" дар бораи нияти ИМА барои манъ кардани пардохт ба дорандагони вомбаргҳои ИМА оид ба қарзи давлатӣ пас аз ба итмом расидани муҳлати иҷозатнома - 25 май навишта буд.
Ҳамин тавр Вашингтон метавонад кӯшиш кунад, ки Маскавро ба дефолт тела диҳад.