Талоши Афғонистон барои анҷоми лоиҳаи роҳи оҳани “Транс афғон”

Раиси Идораи роҳи оҳани Афғонистон ахиран эълон кард, ки баназдикӣ сохтмони хатти оҳани муштарак бо Ӯзбекистон оғоз хоҳад шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 мая — Sputnik. Бахтурраҳмон Шарофат, раиси Идораи роҳи оҳани Афғонистон гуфтааст, ки гурӯҳи коршиносони фаннӣ кори худро дар ин моҳ оғоз хоҳанд кард, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.
Вай гуфт, тайи як моҳи оянда иқдомоти майдонӣ ва иҷроӣ барои сохти хатти оҳани муштарак бо Ӯзбекистон оғоз мешавад ва акнун ҳамаи идорот дар ҳоли баррасии ин мавзуъ ҳастанд.
Бар асоси ин барномаи роҳи оҳани Афғонистон, хатти роҳи оҳани “Транс афғон” аз Мазори Шариф, Самангон, Пули Хумрӣ, Кобул, Лугар ва Ҷалолобод гузашта, дар ниҳоят ба Покистон мерасад.
Миллионҳо нафар дар Афғонистон бо гуруснагии шадид мувоҷеҳ мебошанд
Ёдовар мешавем, ки 26 ва 27 март дар шаҳри Тирмиз нишасти гурӯҳҳои Ӯзбекистон - Афғонистон - Покистон баргузор шуд, ки дар он ҳамкорӣ дар бахши ҳамлу нақл мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Мақомоти Афғонистон бар ин назаранд, ки хатти роҳи оҳани “Тирмиз - Мазори Шариф - Кобул – Пешовар” метавонад нуқтаи ниҳоӣ барои ояндаи минтақа бошад.
Дар ҳамин ҳол раиси Комиссияи сармоягузории Покистон гуфт, аз дербоз Афғонистонро ба далели нақши муттасилкунандааш байни бахшҳои мухталифи қора “Қалби Осиё” номгузорӣ кардаанд.