Андаробӣ ба толибон: Барои наслкушии тоҷикон рӯзе муҳокима мешавед

Вазири дохилаи пешини Афғонистон ба юриш бурдани ҷангҷӯёни толибон бар Панҷшер ва Андаробҳо вокуниши тунде нишон додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Масъуди Андаробӣ, вазири умури дохилии пешини Афғонистон дар вокуниш ба гузоришҳо дар бораи наслкушии тоҷикон тавассути толибон гуфт, куштори ғайринизомиён, шиканҷаи кӯдакону ришсафедон, оташ задани хонаҳо ва киштзорҳои бошандагони Панҷшер, Андароб ва Тахор дар ҳич дин, оин ва фарҳанг нест, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
"Ҳарчанд толибон ғайр аз ҷиноят дар корномаашон чизе надоранд, раҳбарони ин гурӯҳ бояд бидонанд, ки барои ин наслкушӣ ба ҷавобгарӣ кашида ва муҳокима хоҳанд шуд", - гуфт Андаробӣ.
Чанд рӯз аст, ки дар водии Панҷшер задухӯрдҳои шадид давом дорад. Аммо ин бор суҳбат аз қатли оми тоҷикҳост.
Толибон барои тозасозии сафҳои артиши Афғонистон комиссия махсус таъсис доданд
Дар "Твиттер" шумори зиёди фарҳангиён ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ин қатлу куштор зери ҳаштаги "Бас кардани наслкушии тоҷикон" вокуниш нишон дода, аксҳои наслкушии тоҷиконро нашр карданд ва аз созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар хостаанд, ба ин рафтори ваҳшиёнаи толибон дар Афғонистон вокуниш нишон диҳанд.
Дар ҳамин ҳол Салоҳиддин Раббонӣ, Аҳмад Зиё Масъуд, Муҳаммад Муҳаққиқ ва Абдулатифи Пидром низ ба куштори мардуми осоишта дар Панҷшер, Андароб ва Тахор вокуниш нишон додаанд.
Сафири Иттиҳодияи Аврупо Анн Брент дар "Твиттер" навишт, ки куштори мардуми осоишта дар Панҷшер нигаронкунанда аст.
Созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар дар мавриди куштори мардуми осоишта аз сӯйи толибон дар Афғонистон сукут нишон додааст ва то кунун ҳеҷ як аз мақомоти расмии Аврупо ва Амрико дар ин бора изҳори назар накардаанд.