Тоҷикистон нерӯҳояшро ба ҳолати омодабош гузаронд: изҳороти КДАМ ва шарҳи толибҳо

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон расидани тирҳо аз сӯи Афғонистон ба хоки кишварро шарҳ дода, тавоноии нерӯҳо барои ҳифзи марзро таъкид кардаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Тоҷикистон нерӯҳои марзбонияшро ба ҳолати омодабоши пурраи ҷангӣ гузаронда, шарҳи ҷониби толибҳоро дар бораи тирпаронии ахир сӯи ҶТ ироа кардаст.
Мақомоти марзбонии КДАМ Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз қавли нерӯҳои толибҳо овардаст, ки тирҳо ба хоки ҷумҳурӣ аз сӯи Афғонистон тасодуфан расидаанд.
Ба иттилои манбаъ, толибҳо тавзеҳ додаанд, ки дар минтақаи Хоҷағори вилояти Тахори Афғонистон, дар рӯ ба рӯи дидбонгоҳи сарҳадии №12-и Отряди сарҳадии "Панҷ", 7 майи соли ҷорӣ, соати 11:45 қувваҳои гуруҳ бо ҷангиёни ДИИШ* вориди задухӯрд шудаанд.
Таъкид шудааст, ки ин задухӯрд 1,5 соат идома дошта, тирҳо ба қаламрави Тоҷикистон тасодуфан расидаанд.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Маълум шуд, ки ҳамлаи мушакӣ ба хоки Тоҷикистон кори дасти кист
Мақомоти марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, хисороти моливу ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
"Айни замон аз ҷониби сохторҳои марбутаи толибҳо дар минтақаи Хоҷағори вилояти Тахор барои муайян ва безарар гардондани гурӯҳҳои террористӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд", - омадааст дар иттилоияи КДАМ.
Таъкид гардидаст, ки нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба ҳолати омодабошии пурраи ҷангӣ гузаронида шудаанд. Ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон тамоми имконият ва тавоноии ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатиро доранд, афзуд КДАМ.
КДАМ вазъият дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистонро муътадил арзёбӣ карда, афзудаст, ки вазъ таҳти назорати марзбонони тоҷик қарор дорад.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар