ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Тибқи омори расмӣ, талафоти ношӣ аз селобҳо бештар дар вилоятҳои Форёб, Бағлон ва Бодғис дар шимоли ин кишвар сабт шудаанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба хабаргузории “Ariana News”.
Дар асоси маълумоти омори Вазорати давлатии идоракунии офатҳои табиӣ, дар 12 вилоят 19 хона пурра хароб ва 261 хона қисман тахриб шудааст.
Инчунин 500 гектар замин ва чор роҳ осеб дида, 120 сар чорво нобуд шудааст.
Мақомоти маҳаллии Фарёб мегӯянд, ки селобҳо дар ин вилоят хисороти бузурги молиро ба бор овардаанд. Аммо ӯ омори дақиқро нагуфтааст.
Ғулом Ғувс Носирӣ, муовини молӣ ва идории Вазорати давлат дар умури расидагӣ ба ҳаводис гуфт: "Тадқиқот идома дорад. Мо ба осебдидагон кумак кардем. Гурӯҳи мо дар маҳал талош дорад, ба мардум кумак расонад".
Агентии обуҳавошиносии ин кишвар тахмин мезанад, ки дар 27 вилоят хатари сарозер шудани селобҳои мавсимӣ вуҷуд дорад, ки мизони боронгарӣ дар бархе аз вилоятҳо аз 20 то 60 сантиметр хоҳад буд.
Муҳаммад Насим Муродӣ, масъули пешгӯии идораи ҳавошиносии Афғонистон гуфт: "Эҳтимоли боридани борон дар бисту ҳафт вилояти кишвар бо селоб пешбинӣ шуда буд, ки тавассути торнамои мо бо хатарҳои эҳтимолии худ нашр шуд ва ин боронгариҳо то рӯзи панҷшанбе идома хоҳанд ёфт”.
Аз боронгариҳои шадид ва сарозер шудани селобҳои ношӣ аз онҳо дар ҳоле гузориш дода мешавад, ки бахши бузурге аз манотиқи Афғонистон бо таҳдиди ҷиддии хушксолӣ низ мувоҷеҳ аст.