Афзоиши бистаришавии гирифторони коронавирус дар Русия

Тайи шабонарӯзи гузашта дар Русия зиёда аз 5 ҳазор ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуда, тайи ин муддат 139 нафар аз ин маризон фавтидаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Теъдоди гирифторони коронавирус, ки дар шабонарӯзи охир дар беморхонаҳо бистарӣ шудаанд, беш аз 3,2 ҳазор нафарро ташкил дод.
Ба иттилои Ситоди мубориза бо паҳншавии коронавирус, шумораи бистаришудаҳо аз ин маризӣ дар муқоиса бо рӯзи қабл зиёда аз 2 баробар афзоиш ёфтааст.

"Дар як шабонарӯз дар беморхонаҳои Русия 3 ҳазору 248 гирифтори коронавирус бистарӣ шуданд, ки дар қиёс бо рӯзи пешӣ 132,3% зиёд мебошад", - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудаст, ки дар маҷмуъ 5 ҳазору 11 нафар гирифтори COVID-19 тайи як шабонарӯз дар ин кишвар ба қайд гирифта шуд.
Инчунин бар асари ин маризӣ 139 нафар фавтид. Шифоёфтаҳо 8 ҳазору 723 нафар будаанд, ки ин теъдод дар қиёс бо нишондоди 4 июн 30,9% зиёд мебошад.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Авҷи коронавирус дар Пекин кори нақлиёти ҷамъиятиро масдуд мекунад
Афзоиши бистаришавии гирифторони коронавирус дар 66 минтақа сабт гардида, дар 12 минтақа вазъият бетағйир боқӣ мондаст.
Ин дар ҳолест, ки вазири тандурустии Русия Михаил Мурашко ҳушдор дод, моҳи июн хатари афзоиши ибтило ба коронавирус баланд аст ва аз шаҳрвандон даъват намуд, ки моякӯбӣ кунанд.
"Ҳоло эмгузаронии такрорӣ хеле муҳим аст, зеро тибқи пешгӯиҳои мо, дар моҳи июн ва охири моҳи май шояд хатари зиёд шудани беморӣ зиёд аст, зеро иммунитети оммавӣ паст мешавад", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вазир, то дубора зуҳур кардани мавҷи беморӣ мунтазир нашуда, ба пешгирӣ машғул шудан лозим аст.
Қаблан раиси "Роспотребнадзор" Анна Попова ҳушдор дода буд, ки бо вуҷуди коҳиши мизони бемории COVID-19 дар Русия пандемия то ҳол хотима наёфтааст.