ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) 3-юми май бозии якумашро дар мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар Скопйе бо тими наврасони Македонияи Шимолӣ анҷом дод. Вақти асосии вохӯрӣ мусовӣ – 3:3 анҷом ёфт.
Дар ҳайати мунтахаби мо Билол Бобоев муаллифи дубл шуда, Масрур Ғафуров ба номаш як голро сабт намуд.
Тибқи низомномаи мусобиқа дар сурати мусовӣ ғолиб аз рӯйи зарбаҳои пеналтӣ муайян карда мешавад. Дар силсилаи зарбаҳои 11-метра бахт ба рӯйи Македонияи Шимолӣ хандид – 5:4.
Дар даври дуюми мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар Скопйе мунтахаби Тоҷикистон (U-16) рӯзи 5 май бо дастаи Ҳондурас вомехӯрад. Бозӣ соати 19:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки дар мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар Македонияи Шимолӣ дастаҳо бо ҳар кадом дар як давр бозӣ мекунанд - дар маҷмӯъ 6 бозӣ баргузор мешавад.
Дар сурати мусовӣ дар охири 90 дақиқа, зарбаи пеналтӣ пешбинӣ шудааст. Даста барои пирӯзии вақти муқаррарӣ 3 хол, барои ғалаба дар зарбаи пеналтӣ 2 хол ва барои бохт дар зарбаи пеналтӣ 1 хол мегиранд.
Тими мунтахаби наврасони то 16 - солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар ин мусобиқа ширкат дорад.
Баъди анҷоми мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА, яккачини тоҷикистон ба Душанбе бармегардад ва дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои ҷавонони то 16-сола, ки аз 11 то 21 май дар назар аст, ширкат хоҳад кард.