ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи толибон дар Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот гуфт, Ҳукумати Афғонистон аз расонаҳои дохилӣ, ки манобеи молии худро аз даст додаанд, ҳимоят хоҳад кард.
Ӯ дар саҳифаи твиттери худ навиштааст, ки сабаби аслии баста шудани бархе аз расонаҳои хабарӣ дар Афғонистон пас аз хуруҷи нирӯҳои Амрико аз ҷониби хориҷиҳо маблағгузорӣ шудани онҳо буд.
“Мо ба расонаҳои Афғонистон итминон медиҳем, ки барои ҳалли мушкилоти молии онҳо тамоми корро анҷом медиҳем", - гуфт ӯ.
Оқои Муҷоҳид таъкид кард, ки толибон аз фаъолияти расонаҳои хабарӣ пуштибонӣ мекунанд ва ба радиову телевизионҳо иҷоза додаанд, то дар ҳудуди Афғонистон озодона фаъолият намоянд.
"Дар ҳоли ҳозир дар зиндонҳои мо ягон хабарнигор нест. Вақте хабарнигорон барои ифҳому тафҳим ба бархе идораҳо даъват мешаванд, маънии шиканҷаву зиндонӣ кардани онҳо надорад", - гуфт сухангӯи толибон.
Пас аз ба қудрат расидани толибон дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 шумори зиёди расонаҳо ба далели мушкилоти иқтисодӣ баста шуданд ва иттиҳодияҳои байналмилалии журналистӣ аз афзоиши хушунат алайҳи кормандони расонаҳо дар ин кишвар изҳори нигаронӣ карданд.
Беш аз 40 дарсади расонаҳо, аз ҷумла радиову телевизион, маҷаллаҳои чопӣ ва сомонаҳои хабарӣ, ки дар маҷмуъ 578 расонаро ташкил медод, ба далели мушкилоти иқтисодӣ ва маҳдудиятҳои корӣ баста шудаанд.
Ҳадди ақал 30 дарсади расонаҳои дигар дар арафаи баста шудан қарор доранд ва дар як рӯз ё ҳафта ҳамагӣ чанд соат фаъолият мекунанд.