Путин мусулмононро бо анҷоми моҳи Рамазон табрик гуфт

Табрикоти анъанавии президенти Федератсияи Русия ба мусулмонони Русия ба муносибати таҷлили иди саиди Фитр ирсол шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин мусулмонони Русияро бо анҷоми моҳи шарифи Рамазон ва Иди Фитр табрик гуфт, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кремл.
Роҳбари Русия дар табрикоти худ қайд кард, ки ин ҷашни бостонӣ, ки барои ҳар як мусалмон аҳамияти бузург дорад, рамзи садоқат ба ғояҳои инсондӯстона, парҳезгорӣ ва меҳрубонӣ мебошад.
Иди Фитр мӯъминонро ба пайдоиши ислом, ба дастуроти олии ахлоқие, ки дар заминаи тамоми динҳои ҷаҳонӣ қарор доранд, ҷалб мекунад.
Таманниёт ва тавсияҳои Раҳмон ба тоҷикистониён дар арафаи иди Фитр
Вай ҳамчунин саҳми мусулмонони кишварро дар таҳкими сулҳи байни миллатҳо, ризоияти ҷомеа, ҳифзи гуногунии фарҳангӣ ва ҳимояи манфиатҳои афзалиятноки давлат қайд намуд.
Дар фарҷом Владимир Путин ба мусалмонон саломатӣ, хушбахтӣ, нерӯ ва қувват барои иҷрои корҳои хайрхоҳона таманно кард. Бояд гуфт, ки президент борҳо таъкид кардааст, ки дар Русия фарҳангу анъана ва эътиқоди мусулмонӣ эҳтироми амиқ доранд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамсоягии нек ва муколамаи мутамаддини байни мардум шарти ҳатмӣ барои зиндагии шоиста ва шукуфоии Русияи сермиллат аст.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, тоҷикистониёнро ба муносибати фарорасии Иди саиди Фитр табрик гуфта буд. Ба диндорон саломатӣ, хушбахтӣ, рӯзгори пурбаракат ва ба Тоҷикистон сулҳу субот, оромӣ ва ободии минбаъдаро таманно намуд.
"Дар баробари иҷрои ойинҳои динӣ мо бояд ҳамдигарро дастгирӣ кунем, нисбати ҳамдигар меҳрубону ғамхор бошем, Ватанамонро боз ҳам ободу зебо гардонем, барои зиндагии шоистаи мардумамон шароити мусоид фароҳам оварем", - гуфт раисиҷумҳури Тоҷикистон.