Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Стртегияи нави ИМА ва НАТО дар Украина: “Мо замину осмонро ба ҳам мезанем”

Амрико амалиёти вижаи Русия дар Украинаро барои таҳияи стратегияи нав ва мутаҳҳид намудани шариконаш барои эҳтимоли Ҷанги севуми ҷаҳон истифода мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Пентагон ният дорад, шариконашро бо оҳану хун муттаҳид созад, роҳҳои логистикии таъмини силоҳ ба режими Киев ва усулҳои муқовимат бо Қувваҳои Мусаллаҳи Русияро дар ҳама самтҳои ҷанг озмоиш кунад.
Рӯзи 26 апрел дар Пойгоҳи ҳавоии Нерӯҳои ҳавоии ИМА Рамштайн нишасти ғайрнавбатии НАТО ва шариконаш бо иштироки вазирони дифои 43 кишвар баргузор шуд.
Нақши муҳимро раҳбари Пентагон Ллойд Остин бозӣ кард. Вай гуфт, Иёлоти Муттаҳида "осмону заминро ба ҳам мезанад" то ба Украина чизе лозим аст, дар ихтиёр гузорад. Ӯ аз ширкаткунандагон даъват кард, ки барои ҳимоят аз Украина дар мубориза бо Русия муттаҳид шаванд.
Шакли мулоқот дар пойгоҳи низомӣ ба таври рамзӣ ҳолати ҷанг бо Русияро инъикос кард. Як рӯз пештар дар Лаҳистон оқои Остин рӯирост гуфт: "Мо мехоҳем, ки Русия заиф шавад". Пентагон умед дорад Русияро пас аз ҷанг дар Украина "заифшуда" бубинад. Ҳамзамон раиси Пентагон иқрор шуд, ки Украина метавонад дар оянда ба НАТО шомил шавад.
Изҳороти тунди Қодиров дар бораи Украина
Ғарб намехоҳад дарк кунад, ки дунёи америко суқут дорад ва низоми амниятии баробар ва ҷудонопазир ташкил мешавад. Мудофиаи Украина - афсонаи хубе аст.
Дар хакикат ИМА ва НАТО барои нигох доштани гегемонизми ғоратгарона ва беҷазои низомию сиёсӣ мубориза мебаранд. Стратегияи нави Раммштейн консепсияи кӯҳнаи Збигнев Бжезинский аст: “Дар асри 21 Амрико бар зидди Русия, аз ҳисоби Маскав ва дар харобаҳои он рушд хоҳад кард”.
Аз ин рӯ, Украина маводи сарфшуда аст (пораҳои Иттиҳоди Шӯравӣ) ва Лаҳистон бо маъмурияти ИМА амалиёти дар пешистодаро дар бораи "муттаҳидшавӣ" бо Украинаи Ғарбӣ баррасӣ мекунад. Дар ин бора раиси Хадамоти истихбороти Русия Сергей Наришкин хабар дод.
Маълум аст, ки амалиёти махсуси Лаҳистон дар Украинаи Ғарбӣ бидуни мандати НАТО, бо иштироки "кишварҳои хоҳишманд" бо созиши пешакӣ бо Иёлоти Муттаҳида сурат мегирад.
Қарор аст, "гурӯҳи посдорони сулҳ"-и Лаҳистон дар минтақаҳое ҷойгир шаванд, ки хатари бархӯрди мустақим бо нерӯҳои мусаллаҳи Русия ҳадди ақалл аст. Дар баробари ин, хадамоти махсуси Лаҳистон намояндагони "мақбул"-и элитаи Украинаро барои ташкили мувозинати Варшава ба фашистон ҷустуҷӯ дорад.
Нерӯҳои Украина вилояти Курскро гулӯлаборон кардаанд
Шояд ба чанд қисмат тақсимшавии Украинаи пасошӯравӣ имкон бошад ва ин натиҷаи табиии як силсила инқилобҳои ранга (майдонҳо) аст, ки амрикоиҳо онро ҷонибдорӣ карданд.

Суруди кӯҳна

Стратегияи нави ИМА дар бораи “дар майдони ҷанг ба таври қатъӣ мағлуб кардани Русия, ки он аз ҳар гуна ҳамлаҳои нав худдорӣ кунад” хеле содда ба назар мерасад, аммо "шарикон" умедворанд.
Манбаи CNN дар Шӯрои Амнияти Миллии Амрико иддаъо дорад, ки Вошингтон қаблан ният дошт, ки амалиёти вижаро ба "шикасти стротегӣ"-и Русия табдил диҳад ва ҳоло ин талошҳо ба тахриби саноеъи дифои Русия нигаронида шудааст.
Табиист, ки амрикоиҳо интиқоли силоҳ ба Украинаро "сармоягузорӣ барои безараргардонии артиш ва нерӯҳои дарёии Русия барои даҳсолаи оянда" медонанд. Ба тақдири сарбозон ва шаҳрҳои Украина касе парво надорад. Чизи асосӣ барои “шарикон” заиф кардани Русия аст, то ки ин кишвар дар ҷангҳои оянда ба Чин кумак накунад.
Ҳушдори Путин аз зарба ба онҳое, ки аз берун ба Украина дахолат мекунанд - видео
Дар давоми чандин аср хонҳои тотору муғул, шоҳи Шветсия Чарлз XII, Наполеони Фаронса, Гитлери олмонӣ Россияро мағлуб карда натавонистанд, аммо америкоиён, ки ҳатто таърихи худро намедонанд, бо кӯмаки низомии ҳамроҳ бо 40 кишвар ба Украина, онро роҳи муваффақ медонанд. Мақсади Ғарб дастаҷамъона табдил додани Русия ба як кишвари "ҷахони сеюм" аст. Албатта, Маскав тибқи анъана пирӯз мешавад.
Ба гуфтаи раиси Пентагон, шарикон бояд “бо суръати ҷанг” ҳаракат кунанд, аммо кумакҳои низомии Ғарб барои Украина ба маблағи беш аз 713 миллион доллар аз системаҳои дифои зидди ҳавоӣ ва мошинҳои зиреҳпӯши кӯҳна иборат аст. Амрикоиҳо захираи Стингер ва Ҷавелин надоранд.
Истеҳсолкунанда Stinger дар бораи норасоии ҷузъҳо барои истеҳсоли минбаъдаи он хабар доданд. Конгресси ИМА аз он нигарон аст, ки онҳо то ҳол онҳои наметавонанд мушаки зидиҳавоии ҳамроҳро ба Украина таъмин кунанд, зеро "ҳоло онҳо кофӣ нестанд". Таҷдиди хати истеҳсолот метавонад тақрибан аз як сол тӯл кашад.
Олмон ба Украина 50 системаи зиддиҳавоии “Гепард” мефиристад, ки масофаи тирандозии он то 7 километрро ташкил медиҳад. Британия инчунин силоҳҳои зиддиҳавоӣ аз асри гузашта ҳадя хоҳад кард. Рӯзи 28 апрел Бундестаг фиристодани аслиҳаи вазнин ба Украинаро иҷоза дод - дар лоиҳа тақрибан 40 банд мавҷуд аст, ки ҳар кадоме ба як эъломияи ҷанг монанд аст.
Теъдоди гурезаҳо дар Русия аз Донбассу Украина аз 1 млн нафар гузашт
Бо вуҷуди ин, дар тӯли даҳсолаҳо коҳиши хароҷот барои мудофиа дар Олмон боиси паст шудани омодагии ҷангии ин кишвар шудааст. Қаблан Кристин Ламбрехт, вазири дифоъи Олмон гуфта буд: "Дар рӯи коғаз мо 350 мошини ҷангии пиёдагардии Puma дорем, ки 150-тои онҳо метавонанд истифода шаванд ва аз 51 чархболи Eurocopter Tiger танҳо 9 адади он қодири иҷрои вазифаҳои ҷангиро доранд".
Лондон аз режими Украина даъват кард, ки ба қаламрави Русия зарба занад ва ваъда медиҳад, ки барои ин мушакҳои Бримстоунро, ки метавонанд ба масофаи то 20 километр партоб шаванд фиристад. Аммо тӯпҳои 155-мм-и Англия бидуни сабаб аз руйхати ёрии харбй ғайб заданд. Ғарб ба Қувваҳои Мусаллаҳи Украина “оҳанпораҳо” ба монанди тӯпҳои худгарди “Гвоздика”-и бо калибри 122 мм, танкхои Т-72 аз Лаҳистон, мошинхои зирехпуши Канада медихад.

На фоидаву на зарар

Ба гуфтаи таҳлилгарони ғарбӣ, даргириҳо дар Украина "ҳафтаҳо, агар моҳҳо тӯл накашанд", идома хоҳанд кард. "Гардиан" чунин мешуморад, ки давраи гардиш дар моҳи май, "вақте ки мавҷи яроқи Гарб, аз он ҷумла гаубитсахои Амрико, системаҳои зенитии Олмон ва Англия меоянд", фаро мерасад.
Кишварҳои НАТО дар ду моҳ ба Украина ба маблағи камаш 8 миллиард доллар таҷҳизоти низомӣ доданд ва натиҷааш рӯшан нест. Ёдовар мешавам, ки дар моҳи августи соли гузашта Амрико дар Афғонистон ба маблағи 7 миллиард доллар таҷҳизоти низомӣ гузошта буд ва дар солҳои 2005-2021 Вашингтон ба нерӯҳои амниятии Афғонистон ба маблағи 18,6 миллиард доллар таҷҳизот додааст.
Амрикоиҳо ҳукуматро барои интиқоли силоҳ бо Украина танқид карданд
Пирӯзиҳои ҳарбӣ ва расидан ба ҳадафҳои геополитикиро пул кафолат намедиҳад. Гузашта аз ин нерӯҳои Украина на бештар аз 30 дарсади таъмини силоҳи НАТО-ро мегиранд. Қисми боқимондаро зарбаҳои мушакии дақиқидорашавандаи Русия ва дуздии мақомоти украинӣ нобуд мекунанд. Ҳатто ба “туҳфа”-ҳои бузурге, ки аскарони рус дар ҷараёни ҷанг ба даст овардаанд, дахл накунем.
Дар ҳамин ҳол Александр Камишин, раиси “Роҳи оҳан”-и Украина хабар дод, ки ба як пули дарёи Днестр, дар рустои Затокаи вилояти Одесса ҳамлаи такрории мушакӣ сурат гирифта ва як сохтори муҳандисӣ тахриб шудааст.
Мушакҳои дақиқзану баландпарвози дарёии “Калибр” дар ҳудуди Корхонаи алюминии Запороже анборҳоро бо миқдори зиёди аслиҳа ва муҳимоти хориҷие, ки аз ҷониби ИМА ва кишварҳои аврупоӣ барои нерӯҳои Украина интиқол дода шудаанд, нобуд карданд. Дар он ҷо маркази таълимии зархаридони хориҷӣ низ хароб карда шуд: 523 нафар кушта ва 347 нафар захмӣ гашт.
Генерали мустаъфии фаронсавӣ Жак Гилман пешгӯӣ мекунад, ки агар Ғарб бо "таҳримҳои девонавор" фишор ба Русияро идома диҳад, ҷанги ҳастаӣ хоҳад шуд. Ин фаронсавӣ таъкид кард, ки Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои аврупоӣ гӯё сулҳ мехоҳанд, аммо ба таъмини Украина бо аслиҳа ба оташ рӯған мерезанд. Ҳарчанд, ба гуфтаи генерал, на давлатҳои аврупоӣ ва на Вашингтон имкони ворид шудан ба бархӯрди воқеӣ бо Русияро надоранд.
Володин мегӯяд, Украина бояд ҳамчун як давлати террористӣ эътироф шавад
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 27 апрел зимни суханронӣ дар парлумони Русия таъкид кард:
"Ҳамаи вазифаҳои амалиёти вижаи низомие, ки мо дар Донбасс ва Украина анҷом медиҳем, бидуни қайдушарт иҷро хоҳанд шуд".
Агар касе дахолат карданӣ шавад, тахдид ба вуҷуд меояд — зарбаҳо тасреъ мешаванд, "дар ин бора аллакай қарор кабул шудааст". Маскав иҷоза намедиҳад, ки дар наздикии марзҳои Федератсияи Русия қаламравҳои зидди Русия таъсис дода шаванд. Дар сурати таҳдиди стратегӣ Русия аз абзорҳое истифода хоҳад кард, ки ҳеҷ каси дигар дар ҷаҳон надорад.
Ба канали шореҳи низомӣ Александр Хроленко дар "Telegram" пайвандед.