Кӯдакон дар Афғонистон ба далели гаронии маводи ғизоӣ гурусна мехобанд

Сандуқи наҷоти кӯдакон гуфтааст, ки дар моҳи мубораки Рамазон бештари атфол дар Афғонистон барои хӯрдан чизе надоранд ва гурусна хоб мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Сандуқи наҷоти кӯдакон ахиран бо нашри гузорише дар бораи вазъи зиндагии кӯдакон дар Афғонистон гуфтааст, ки қимати ғизо дар ин кишвар дар муқоиса бо соли гузашта тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст.

"Мо, ағлаб чизе барои ифтор чизе надорем. Хеле метарсем, ки бипурсем, қимати маводи ғизоӣ дар бозор чанд аст ", - гуфтааст нафаре ба намояндаи Сандуқи наҷоти кӯдакон.

Сандуқи наҷоти кӯдакон гуфтааст, ки Рамазон дар ислом моҳи дастгирӣ ва дилсӯзӣ ба ниёзмандон аст; Аммо бо наздик шудан ба суқути иқтисоди Афғонистон теъдоди фазояндае аз хонаводаҳои бекор камбизоат ҳастанд.
ЮНИСЕФ: Беш аз 50 кӯдак тайи ҳафтаи гузашта дар Афғонистон кушта шудааст
Ба гуфтаи ин созмони байналмилалӣ, хонаводаҳои бекор аз ин ки ҳазинаи ғизои фарзандонашонро таъмин карда наметавонанд, ноумед шудаанд.
Созмони наҷоти кӯдакон мегӯяд, ҷанг дар Украина метавонад қимати маводи ғизоӣ дар Афғонистонро боз боло барад.
Ёдовар мешавем, Кумитаи Байналмилалии Наҷот қаблан хабар дода буд, ки баъд аз тағйири режим дар Афғонистон наздик ба 97 дарсади аҳолии Афғонистон ба гуруснагӣ рӯ ба рӯ шудааст ва ниёз ба кумакҳои башардӯстона дар саросари кишвар афзоиш ёфтааст.
Дар пасманзари ин буҳрони башардӯстона Кумитаи Байналмилалии Наҷот хостори таҷдиди фаврии сиёсат шуд ва аз раҳбарони Амрикову Иттиҳодияи Аврупо хостааст, ба буҳрони иқтисодӣ дар Афғонистон расидагӣ кунанд.
Лавров гуфт, вазъи Афғонистон ба минтақа таъсир дорад
Баъди суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ дар 15-уми августи соли гузашта қудрат ба дасти толибон афтод ва вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ дар ин кишвар бадтар шуд.
Афғонистон аз кумакҳои ИМА, Бонки Ҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор маҳрум шуд ва дар кишваре, ки ҳиссаи маблағгузории хориҷӣ то ба 40 дарсади ММД мерасид, буҳрони шадиди башарӣ рӯйи кор омад.
Аксарият бекор монда, шахсоне, ки кор мекарданд, чандин моҳ аст, ки маош намегиранд.