Коррупсия ва суистифода аз мансаб: баҳои додситони Суғд ба раванди даъвати наваскарон

Додситони Суғд раванди ҷалби наваскарон ба хидмати ҳарбӣ дар вилоятро суст арзёбӣ карда, натиҷаҳои санҷиши прокурорӣ дар ин бахшро баён доштааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Теъдоди ихтиёриёни хидмати ҳарбӣ коҳиш ёфта, ҳолатҳои коррупсионӣ ва суистифода аз мансаб дар ҷалби наваскарон ба хидмати ҳарбӣ ҷой доранд.
Ин нуктаро Фурқат Хоҷазода, прокурори вилояти Суғд зимни баррасии иҷроиши уҳдадориҳои ҳарбӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баён дошт.
Хоҷазода гуфт, ки тайи 22 рӯзи даъвати баҳории ҷавонон ба артиш 1282 нафар ва ё 40,1 %-и нақша иҷро шудааст. Додситон ин нишондиҳандаро кам ва иҷроиши нақшаро ғайриқаноатбахш арзёбӣ кардааст.

"Теъдоди ҷавонони ихтиёрӣ сафарбаршаванда ба сафи қувваҳои муссалаҳи кишвар кам шуда истодааст", - нигаронӣ кард Хоҷазода.

Ӯ афзуд, ки санҷишҳои прокурорӣ якчанд омили таъсиррасон ба ин равандро ошкор кардаанд.
"Дар ин самт омилҳои коррупсионӣ паҳн гардида, якчанд ҷиноят бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ содир шудаанд. Чизи дигар ин аст, ки фаъолияти мақомоти давлатии шаҳру ноҳияҳо, комиссариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ дар ин самт дуруст ба роҳ монда нашудааст”, - таъкид кард додситон.
Хоҷазода сабаби саркашии ҷавонон аз хизмати ҳарбиро суст будани таълими омодагии ҳарбӣ дар макотиби миёна хонд.
Сабукӣ ба донишҷӯёни тоҷик, ки мехоҳанд хизмат раванд: пешакӣ имтиҳон супоранд
"Дар баъзе аз муассисаҳои таълимии Суғд дарси омодагии ибтидоии ҳарбӣ пешбинӣ нагардидаст. Аз сӯйи дигар бо сабаби норасоии кадрӣ 177 нафар омӯзгоре, ки аз омодагии ҳарбӣ дарс мегузаранд, ғайриихтисосиянд. Дар 230 муассисаи таълимӣ майдончаҳои ҳарбӣ ташкил нашудааст", - афзуд ӯ.
Дар ҷаласа таъкид гардидаст, ки барои иҷрои нақшаи даъвати ҷавнон ба хидмати ҳарбӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот, корхона ва муассисаҳо масъул мебошанд.
Маврид ба зикр аст, ки аз оғози апрел дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ даъвати баҳории шаҳрвандон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардида, он 2 моҳ идома мекунад. Дар даъвати баҳорӣ шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 барои хидмат ба сафи артиш ҷалб хоҳанд шуд.