ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Майдони кишти зироати баҳорӣ дар Тоҷикистон то аввалҳои апрел ба зиёда аз 152 ҳазор гектар расонда шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 4,3% зиёд мебошад. Мақомот мегӯянд, дар зимн кишти бархе зироатҳо коҳиш ёфтааст, аммо чун мавсим идома дорад, вазъ метавонад тағйир ёбад.
Ба иттилои хабаргузории "Ховар", аз майдони умумии кишт зиёда аз 68 242 гектарро ғалладона ва лӯбиёӣ, 2632 гектарро ҷуворимакка барои дон, 9386 гектарро картошка, 20522 гектарро сабзавот, 39,5 гектарро сабзавоти тухмӣ, 5984 гектарро полезиҳои озуқаворӣ ташкил медиҳад.
Дар феҳрасти зироатҳое, ки кишташон коҳиш ёфтааст, аз ҷумла ғалладона ва лӯбиёӣ зикр шудааст, ки 0,1% кам гаштааст. Картошка 9,4%, сабзавот 5%, сабзавоти тухмӣ 1,6 баробар ва полезӣ 3,5% низ камтар кишт шудааст.
Раҳмон Саидзода, мудири Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, феълан мавсими кишт идома дорад. Вазъ метавонад тағйир ёбад.
"Зироати баҳорӣ дар муддати 119-120 рӯз пурра пухта расида, ҷамъоварӣ мешавад. Дар ин шабу рӯз кишти пахта ҷараён дорад. Дар ноҳияҳои ҷануби мамлакат ҷамъоварии зироати барвақтӣ, аз ҷумла картошка ва пиёз ҷараён дорад, ки ҳосили он дар бозорҳои мамлакат мушоҳида мешавад", - гуфтааст Саидзода.
Таъкид шудааст, ки кишоварзони Тоҷикистон баъд аз ҷамъоварии зироати баҳорӣ дар заминҳо кишти такрорӣ мегузаронанд, то фаровонии маҳсулотро дар бозорҳо таъмин созанд.
Бар асоси омори расмӣ, дар 3 моҳи аввали соли равон дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 3880,4 тонна сабзавот ва 16,6 тонна мева истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 сабзавот 1,2% ва 6,4% меваи зиёдтар истеҳсол шудааст.