ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Комиссари олии паноҳандагони СММ қайд кардааст, аз замони оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина, ки 24 феврал оғоз ёфт, то кунун ҳудуди панҷ миллион украинӣ ин кишварро тарк карда ва умдатан дар кишварҳои аврупоӣ паноҳ бурдаанд.
Масъулини СММ мегӯяд, дар моҳи апрел як миллиону 151 ҳазор нафар аз Украина ба кишварҳои дигар паноҳанда шудаанд.
Ҳамзамон СММ қайд кардааст, ки дар моҳи март ҳудуди 3 миллиону 400 ҳазор нафар аз марзҳои ин кишвар хориҷ ва ба кишварҳои дигар паноҳанда шуда буданд.
Гуфта мешавад, ки аксари оворагон аз Украина дар Лаҳистон паноҳгоҳ ёфтаанд.
Ҳамчунин СММ эълом кардааст, ки беш аз 7,7 миллион украинӣ дар дохили ин кишвар овора шудаанд.
Бо гузашти ду моҳ аз оғози ҷанги Украина ва шиддат гирифтани вайронӣ дар ин кишвар раванди фирори мардум ба манотиқи марзӣ ва кишварҳои аврупоӣ идома дорад.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд.
Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.