ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Қурби рубл дар Тоҷикистон дар баробари пули миллӣ пас аз рӯзҳои истироҳат боз боло рафт.
Ҳамин тавр, тибқи нишондодҳои Бонки миллии Тоҷикистон, рӯзи 25 апрел арзиши ҳазор рубл то 160 сомонӣ боло рафтааст. Ин нишондиҳанда дар баробари ду рӯз қабл ду сомонӣ бештар аст.
Бояд гуфт, ки чунин тасвири арзӣ бо рубл барои муҳоҷирини тоҷик судманд аст. Чӣ қадаре ки арзиши мубодилавии пули русӣ баланд бошад, ҳамон қадар ба гирандагони он муфид аст.
Дар мавриди доллар бошад, он низ каме боло рафтааст. БМТ ҳар долларро 12,5057 сомонӣ муқаррар кардааст.
Як евро 13,55 сомонӣ арзиш дорад ва ҳоло ҳам дар ҳоли шинокунандагӣ қарор дорад, аммо як ҳафтаи ахир тадриҷан ба боло меравад.
Бонкҳои тиҷории кишвар низ, арзиши рублро дар баробари БМТ қарор додаанд.
Дар "Спитаменбонк" ҳазор рубл феълан зимни харидуфурӯш 160,5 сомонӣ аст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харидуфурӯш 160,5 сомонӣ муайян намудааст.
Дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 145 сомонӣ ва зимни фурӯш 161 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
"Алиф бонк" бошад қурби рубли русиро зимни харид 140 сомонӣ ва зимни фурӯш 162 сомонӣ муқаррар намудаст.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.