ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik. Намояндагони ҷунбиши толибон хабарҳо дар бораи тирборон шудани Тирмизи Ӯзбекистон аз сӯйи ДОИШ* -ро сарусадоҳои беасос номиданд, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.
"Тирборон шудани шаҳри Тирмизи Ӯзбекистон аз қаламрави Афғонистон ба ҷуз овоза чизе нест. Ҷое барои хавотир шуданро намебинем", - гуфт намояндаи Вазорати умури хориҷии толибон Абдулқаҳор Балхӣ.
Толибон худро “ҳукумати масъуле меноманд, ки ба касе иҷоза намедиҳанд, амнияти сарҳадро зери хатар гузорад”.
Маълумот дар бораи ҳамлаи ҷангҷӯёни ДОИШ* ба иншооти низомии Тирмиз аз қаламрави Афғонистон чанд рӯз пеш паҳн шуд. Рӯзи душанбе ин хабарро Шерзод Асадов, котиби матбуотии раисҷумҳури Ӯзбекистон рад кард.
"Маълумоти аз тариқи баъзе каналҳои "Telegram" паҳншуда дар бораи ҳамлаи мушакӣ аз қаламрави Афғонистон ба воҳидҳои қувваҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон дар Тирмиз комилан нодуруст аст", - навиштааст Асадов дар канали худ.
Вай бо истинод ба маълумоти Вазорати дифоъ ва Қӯшунҳои сарҳадии ин ҷумҳурӣ итминон дод, ки вазъ дар марзи Ӯзбекистону Афғонистон муътадил буда, дар он ҷо ягон амалиёти низомӣ мушоҳида намешавад.
Шерзод Асадов аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки ба ин иғво бовар накунанд.
Қаблан Ӯзбекистон хабар дода буд, ки роҳи Хайратон - Мазори Шарифро пурра ба Афғонистон вогузор мекунад. Ба таъкиди директори "Роҳи оҳан"-и Афғонистон Бахтурраҳмон Шарофат, аз 10 апрел идораи роҳи оҳани Хайратон - Мазори Шариф комилан ба ҷониби Афғонистон мегузарад.
Тибқи созишномаи нав, ки бо дархости мақомоти Афғонистон имзо шудааст, аз аввали моҳи май тамоми масъулияти нигоҳдории роҳи оҳан, аз ҷумла нигоҳдорӣ, идора ва ҷамъоварии даромад ба ихтиёри Роҳи оҳани Афғонистон вогузор шудааст.
* созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия