Президенти Русия: Вазъ дар бозор баъди таҳлукаи кӯтоҳ ба эътидол омад

Раисҷумҳури Русия гуфт, сиёсати кишварҳои ғарбӣ барои барҳам задани иқтисоди ФР аз тариқи таҳримоти бесобиқа аллакай корношоямии худро нишон дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Талабот ба бархе аз номгӯи маҳсулот дар Русия баъди таҳлукаи кӯтоҳмуддат ба эътидол омад.
Ин нуктаро Владимир Путин, раисҷумҳури Русия зимни ҷаласа дар мавриди вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар баён дошт.

"Бозори истеъмолӣ баъди таҳлукаи кӯтоҳе атрофи бархе аз намудҳои мол ба эътидол омад. Ин дар ҳолатҳое, ки феълан ҷой дорад, ҳамеша рух медиҳад. Талаботи чакана муътадил шуд", - изҳор дошт президент.

Ӯ ҳамчунин аз масъулини Бонки марказӣ ва ҳукумат хост, дар бораи чораҳои зарурӣ барои ҷилавгирӣ аз бад шудани вазъи русиягиҳо ҳисобот диҳанд. Путин пешниҳоди чораҳоеро талаб кард, ки аз раванди манфии авзоъ ва бад шудани ҳоли ширкату корхонаҳо ва шаҳрвандон пешгирӣ намоянд.
Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки Русия дар қиболи кишварҳои ғарбӣ барои бо истифода аз таҳримот барҳам задани низоми бонкӣ ва камбуди мол дар мағозаҳо истодагарӣ карда тавонист.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Коршинос: Русия нақша надорад, ки ғайринизомисозии Украинаро солҳо идома диҳад
"Рӯшан аст, ки таҳримот омили манфӣ барои иқтисодиёт шуданд. Қасд доштанд, вазъи иқтисодию молиявиро хароб кунанд, низоми бонкиро ба ҳам зананд, воҳима дар бозорро ба вуҷуд оранд", - афзуд ӯ.
Путин таъкид кард, ки аллакай бо қотеият метавон гуфт, ки чунин сиёсат алайҳи Русия коромад нашуд.
Маврид ба зикр аст, дар пайи амалиёти низомии Русия дар Украина ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Ғарб таҳримотеро роҳандозӣ кард, ки низоми бонкиро низ фаро гирифт. Аз ҷумла бархе бонкҳои Русия аз низоми байналмилалии интиқоли пул хориҷ карда шудаанду қисме аз дороиҳои Бонки марказии Русия аз ҷониби кишварҳои аврупоӣ баста шуданд.