Бонки марказии Афғонистон маҳдудият бар пардохти маошоти маъмуринро лағв кард

Ин бонк гуфтааст, ки тамоми бонкҳо маоши маъмурини давлатӣ ва хусусиро, тибқи тақозои онҳо, бидуни таъхир ва маҳдудият пешниҳод хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Муҳаммад Собир Моманд, сухангӯи Бонки марказии Афғонистон ахиран дар як сабт видеоӣ гуфт, ҳама кормандони давлатӣ ва хусусӣ акнун метавонанд бидуни маҳдудият маошашонро аз бонкҳои давлатӣ ва хусусӣ бигиранд.
“Бонки марказии Афғонистон бар асоси тарҳи стротежии бозсозии бахши молию бонкӣ ва бо таваҷҷуҳ ба имконот маҳдудиятҳои мавҷуд дар пардохти маоши кормандони давлатӣ ва ғайридавлатиро лағв кард”, - афзуд вай.
Ба гуфтаи ҷаноби Моманд, тамоми бонкҳои хусусӣ ва давлатӣ муваззаф шудаанд, ки тамоми маошотро бидуни таъхир пардохт намоянд.
Эрон таҳвили сафорати Афғонистон ба толибонро такзиб кард
Сухангӯи Бонки марказии Афғонистон гуфт, ин бонк барои таъмини суботи низоми бонкӣ дар ин кишвар ва фароҳам кардани шароити бештаре барои мардуми талош хоҳад кард.
Дар авоили моҳи августи соли 2021 толибон ҳамлаҳои худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш доданд. Рӯзи 15 августи соли гузашта нерӯҳои толибон вориди Кобул шуданд ва қасри раёсати ин ҷумҳуриро таҳти назорат гирифтанд. Баъдан хабар дода шуд, ки раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ин кишварро тарк кардааст. Субҳи 16 августи соли 2021 толибон эълон карданд, ки ҷанг дар Афғонистон ба поён расидааст ва шакли ҳукумати ояндаи Афғонистон базудӣ муайян хоҳад шуд.