ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар банкоматҳо пул нест, дар бонкҳо бошад, барои гирифтани маблағ навбат хело тӯлонист, шикоят мекунанд сокинони Тоҷикистон.
Ду рӯзи ахир мавҷи шикоятҳои шаҳрвандон аз бепулии банкоматҳо ва бонкҳо баланд мешавад: онҳо соатҳои дароз навбат меистанд, то аз кортҳояшон маблағи нақдина гиранд. Бархеи дигар ҳам менависанд, ин мушкилӣ нав набуда, қариб тамоми рӯзҳои истироҳатӣ ба назар мерасад.
Ин дар ҳолест, ки камчинии сомонӣ на танҳо дар як бонк, балки ба қавли сокинон, қариб дар тамоми бонкҳои кишвар ба назар мерасад.
“Мушкил аст, ки пул дошта бошиву онро истифода карда натавонӣ”
Тавре ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон Дилоро Маҳмудова аз шаҳри Душанбе мегӯяд, рӯзи якшанбе натавонист аз бонкоматҳои “Спитаменбонк”, “Ориёнбонк”, IBT, “Эсхата”, “Амонтабонк” маблағи дар ҳисобашбударо ба даст орад. Ҳатто дар маркази пойтахт кӯшишҳои вай бенатиҷа анҷом ёфтанд.
“Ин ҳолатро бори аввал мебинам, ки на дар як бонку ду бонк, балки дар ҳамаашон чунин вазъ бошад. Гӯё сомонӣ ғайб зада бошад”, - мегӯяд вай.
Зан меафзояд, ниҳоят дар рӯзи корӣ ба бонк рафт, ки ба издиҳоми мардум рӯ ба рӯ шуд: дар назди хазинаҳо мардуми зиёде навбат мепоиданд.
“Дар филиали “Амонатбонк” чанд нафар навбат мепоидем. Ниҳоят барои ду-се нафар хидмат карданду гуфтанд, ки пул тамом, аҷиб аст, солҳои 93-94 ба ёд мерасад: гӯё пул дорӣ, аммо истифода карда наметавонӣ”, - изҳори нигаронӣ мекунад ин сокини Душанбе.
Нозирҷон Солиев, сокини дигари пойтахт мегӯяд, ӯ низ чанд рӯзи ахир шоҳиди навбатпоиҳо дар дари бонк мешавад.
“Аҳвол дар банкоматҳои “Алиф” ҳам чунин аст. Дар офиси асосӣ, назди банкоматҳо наметавон роҳ ёфт, навбат ниҳоят тӯлонист”,- шикоят мекунад Солиев.
Ба қавли ин мард, вай “дар”-и дигар бонкоматҳои бонкро дар маҳаллаҳои Гулистон ва “Профсоюз”-и Душанбе кӯфт, вале бенатиҷа. “Умуман кор намекарданд”, - меафзояд ин сокини пойтахт.
Нозирҷон бархе овозаҳоро дар бораи “тамом” шудани сомонӣ дар банкҳо шунид ва гумон мекунад, ки “онҳоро махсусан паҳн карданд, то мардум ба таҳлука афтода, худро ба бонк зананд”.
Шаҳло Раҳимова, як сокини шаҳри Конибодом мегӯяд, “се рӯз мешавад, ки паси банкоматҳои бонки "Эсхата” навбати тӯлониро мебинад”.
“Аз рӯи шунидам, дар тамоми шаҳр танҳо дар ҳамин банкомат пул будааст ва ҳама ба ҳамин ҷо меоянд, дар натиҷа навбат тӯлонӣ мешавад”, - мегӯяд вай.
Дар филиали бонк бошад, “лимит” ба роҳ монда шудааст: ҳар як муштарӣ метавонад танҳо 500 сомонии корташро гирад.
“Бо 500 сомонӣ кадом мушкилиро метавон ҳал кард? Пул дошта бошиву истифода бурда натавонӣ, мушкил будааст”, - изҳори нигаронии мекунад Шаҳло.
Муҳаммад Ҳазратқулов, сокини Кӯлоб мегӯяд, ин мушкилӣ чанд рӯз мешавад, сокинони шаҳрро ташвиш медиҳад.
“Чандин рӯз мешавад, барои гирифтани маошам, ки ба корт гузаштааст, ба “Амонатбонк” меравам, вале гирифта наметавонам. Кормандони бонк ба суоли мо, ки чаро чунин аст, танҳо мегӯяд, мушкилӣ муваққатисту ҳал хоҳад шуд, аммо қариб аз аввали моҳ боз мардум саргардонанд”, - мегӯяд вай.
Бонки миллӣ: Пул ҳаст
Бонки миллии Тоҷикистон бошад, мавҷуд будани ҳама гуна мушкилиҳои таъмини пули нақдро инкор мекунад.
Тавре аз дафтари матбуотии Бонки миллӣ ба Sputnik Тоҷиикистон хабар доданд, “аз ҷониби БМТ ягон мушкилие дар таъмини пули нақд нест”.
“Дархости тамоми ташкилотҳои қарзии молиявӣ, аз ҷумла бонкҳо барои дастрас кардани пули нақд ҳамарӯза бе ягон мамоният қонеъ карда мешавад”, - тавзеҳ дод Ҳасанова.
Аз боло рафтани арзиши рубл то зиёд шудани интиқолҳо
Бонкҳо бошанд, “ғайб задан”-и сомониро тайи чанд рӯзи ахир қисман таъйид карда, чанд сабаби ин қазияро номбар мекунанд.
Чунончи, бархе гуфтанд, ки ин мушкилӣ вақте сар зад, ки дар ҳақиқат, арзиши рубл дар кишвар боло рафт, интиқоли муҳоҷирон афзуд. Афзун бар ин дар рӯзҳои истироҳатӣ, ки шуъбаҳои бонкҳо кор намекунанд, талабот ба пули нақд зиёд шуд.
“Тибқи мушоҳидаҳои мо, ин ҳолат ҳар охир ва 5-6 рӯзи аввали моҳ сар мезанад. Зеро ҳамин вақт маош ва нафақа дода мешавад ва сокинон ба гирифтани он мешитобанд”, - мегӯяд намояндаи “Амонтабонк”.
Намояндаи “Спитаменбонк” бошад, “бепул мондан”-и банкоматҳояшро дар умум инкор карда мегӯяд, ин мушкилӣ танҳо дар рӯзҳои истироҳатӣ сар зад, ки шуъбаҳои бонк кор намекунаду илоҷи зуд-зуд пур кардани онҳо набуд. Талабот ба гирифтани пул бошад, хеле зиёд ба назар мерасид.
Ҳамаш аз интиқоли муҳоҷирон вобаста аст
Бархе коршиносон аз сунъӣ будани ин ҳолат низ суҳбат мекунанд.
Ба қавли онҳо, ин камбуд ба далели боло рафтани арзиши рул ба миён омадааст, зеро он ба манфиати бонкҳо нест.
Бархеи дигар ҳам бар онанд, ки ин ҳолат боз ҳам бо муҳоҷирони меҳнатӣ иртибот дорад, зеро тайи моҳи март дар пайи ҳодисаҳои ахир ва поён рафтани арзиши рубл интиқоли муҳоҷирон нисбат ба дигар моҳҳо кам шуд ва дар натиҷа низоми бонкӣ, ки хеле аз ин интиқолҳо вобаста аст, ба буҳрон рӯ ба рӯ гардид.