Муовини нахуствазири Тоҷикистон сохтмони мактаби русиро дар Душанбе тафтиш кард

Сохтмони мактабҳо дар кишвар, тибқи созишномаи байни ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистон, бо суръат идома дорад ва онҳо бояд аз 1 сентябри соли 2022 ба кор шуруъ кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Усмоналӣ Усмонзода, муовини нахуствазири Тоҷикистон бо сохтусози мактабҳое, ки Русия дар Душанбе бунёд мекунад, ошно шуд, гузориш медиҳад маркази матбуотии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ.
Усмонзода дар қатори дигар намояндагони соҳаи маориф аз иншооти пойтахти кишвар дидан намуд.
Гуфта мешавад, ки сохтмони ин мактаб дар чаҳорчӯби созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Русия сурат мегирад.
Муовини нахуствазир таваҷҷуҳи худро ба сифати кор ҷалб карда, бо масъулини ширкати сохтмонӣ, ки дар сохтмон ширкат доранд, суҳбат кард.

"Корҳои сохтмонӣ бо суръат идома доранд ва тибқи нақшаи пешакӣ, муассисаи таълимӣ имсол ба истифода дода мешавад", - омадааст дар иттилоияи вазорат.

Чунин муассисаҳои таълимӣ барои зиёда аз 1,2 ҳазор нафар хонанда пешбинӣ шудаанд.
Усмоналӣ Усмонзода пас аз анҷоми санҷиш ба масъулин ва сохтмончиён дастурҳои зарурӣ дод.
Вазорат барои мактабҳои муштараки Русия ва Тоҷикистон омӯзгор меҷӯяд
Ёдовар мешавем, ки ҳоло на танҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода сохтмони муассисаҳои таълимӣ босуръат идома дорад.
Пас аз ба истифода додани мактабҳо дар онҳо таълим ба забони русӣ сурат мегирад.