Доллар дар сиёҳчола: оё юан метавонад асъори аслии ҷаҳонӣ шавад?

Ширкатҳои ғарбӣ Русияро тарк доранд, яъне тиҷорат бо Чин густариш хоҳад ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik, Дмитрий Ермаков. Бархе аз бонкҳои ватанӣ аллакай ба муштариён пешниҳод кардаанд, ки бо пули Чин суратҳисоб боз кунанд. Иқтисоди Чин яке аз бузургтарин иқтисоди ҷаҳон аст. Оё юан дар низоми молии ҷаҳонӣ бо доллар рақобат карда метавонад?

Як юан - як роҳ

Ҳанӯз дар соли 2019 Маскав ва Пекин тасмим гирифтанд, аз ҳисоббаробаркуниҳои долларӣ даст кашанд. Аммо он замон танҳо ниятхо буд: банкхои Чин аз асъори америкоӣ халос нашуданд. Бо вуҷуди ин, ду кишвар қадамҳои аввалинро барои пайвастан ба низоми пардохтҳои электронӣ гузоштанд.
Ҳоло вазорати хориҷаи Чин бори дигар мавзӯъи тиҷорат бо Русияро ба рубл ё юанро матраҳ кардааст. Ин танҳо дар бораи манбаъҳои энержӣ дахл дорад. Чин дар Осиёи Ҷанубию Шарқӣ ва кишварҳои араб ҳамин стратегияро пеш мебарад.
Қимати газ дар Аврупо ба беш аз 1500 доллар расид
Ба гуфтаи Ван Тзайбан, корманди аршади маркази таҳлилии Тайхе ба РИА Новости Масалан, Арабистони Саудӣ, ки аз сиёсати Вашингтон норозӣ аст, долларро “сиёҳчола” меномад. Аз ин рӯ, Риёз ва Пекин аллакай дар бораи тағйири пули муомиларо баррасӣ доранд. Дар бораи музокира рӯзномаи Wall Street Journal низ навишта буд.
Ташкилотҳои қарзии Русия ва Беларус низ дар бораи тағйири асъори ғарбӣ фикр доранд. ВТБ, ягона бонки Русия аст, ки муҷаввиз барои анҷоми амалиёт дар Чин дорад, ин бонк дар якҷоягӣ бо Алфа-бонк ба марудми Русия пешниҳод дорад, ки суратҳисобу пасандоз бо юан кушоянд. Муомилоти ВТБ дар моҳи март бо пули Чин 960 миллион рублро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи феврал 21 маротиба зиёдтар аст.
Бонки марказӣ ёдовар шуд, ки дар солҳои охир тақрибан нисфи захираҳояшро бо тиллову юани чинӣ афзоиш додааст. Биржаи асъор ва фонди Беларус аз оғози амалиёт бо юан хабар дод. Аввалин музоядаҳо аллакай баргузор шуданд.

Ҷойи панҷум

Чин даҳ сол пеш тасмими худро барои пешбурди юан эълон карда буд. Ин кишвар дар ин роҳ муваффақ шуда буд. Аммо ҳатто ба гуфтаи таҳлилгарони чинӣ, на таҳримҳои Ғарб ва на паёмадҳои дигари амалиёти вижа дар Украина боиси тағйири низоми ҷаҳонии бозори асъор нахоҳад шуд. Муваффақияти воқеии юан (“пули мардум”, номи расмии воҳиди пули Чин) танҳо дар сурати ислоҳоти бунёдии сохторҳои молиявии Чин сурат мегирад, менависад South China Morning Post.
Ҳушдори Сандуқи байналмилалии пул дар бораи заифшавии доллар
Аммо рақибони хориҷӣ аз иқдомоти Пекин нигаронанд. Ҷером Пауэлл, раиси Бонки марказии ИМА гуфт, ки рӯйдодҳои Украина метавонад "марҳилаи молиявии" Чинро тағир диҳад. Қаблан, ба гуфтаи вай Пекин ба сӯйи бунбаст аз низоми ҷаҳонии пулию пулӣ пеш мерафт ва акнун метавонад аз вазъият истифода кунад ва ба тавсеаи маҳдудаи фаъолияти юан шурӯъ кунад.
Барои чунин ташвишҳо асосҳо мавчуданд. Бино ба маълумоти ХБА, бонкҳои марказии ҷаҳон дар ихтиёри худ муодили 319 миллиард доллар бо пули юан доранд. Дар шароити иктисодиёти чаҳонӣ ин чандон зиёд нест: такрибан 2,5 фоизи захираҳои умумӣ мебошанд. Барои муқоиса, беш аз нисфи он бо доллар ва 19 дарсад ва бо евро нигоҳ дошта мешавад. Дар баробари ин, ренминби панҷумин пули захиравии ҷаҳон ба шумор меравад.
Ҳиссаи он аз соли 2016, вақте ки юан аз ҷониби ХБА тасдиқ шудааст, ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Дар бораи лоиҳаи бузурги инфрасохтории Чин “Як камарбанд - як ҷода” фаромӯш накунед. Дар баробари ин, ҳаҷми доллар ҳамчун асъори захиравӣ коҳиш меёбад - дар соли 2007 қариб 70 дарсадро ташкил медод.
Ҳамзамон, тавре Bloomberg дар оғози сол қайд кард, юан дар бозори байналмилалии пардохтҳо ба мақоми чорум расид. Барои муқоиса: соли 2010 ӯ дар ҷои 35-ум қарор дошт.
Дар Чин ба нишонаҳои оғози суқути доллар ишора карданд
Владислав Петленко, директори сармоягузории ширкати Sigma Global Management, ба РИА Новости гуфт, ҳоло юан ҳамчун асъори захиравӣ дар тақрибан 75 кишвари ҷаҳон истифода мешавад. Юан аллакай мустақиман байни Чин, Австралия ва Ҷопон муомилот карда мешавад. Яъне коршинос ёдовар мешавад, ки ҳарду кишвар барои муомила бо Чин ба доллари амрикоӣ ниёз надоранд.
Чунин ақидаро таҳлилгарон дар Ховари Миёна ҳам доранд. Абдулмунайм Саид, мушовири собиқи амири Қатар ба рӯзномаи "Ал-Аҳром"-и Миср гуфтааст, "Русия роҳро барои назорати Чин бар ҷаҳон боз хоҳад кард".
Ба фикри ӯ, маҳз юан пули нави байналмилалӣ мешевад, зеро Чин иктисодиёти пурқудрат дорад ва ин кишвар тамоми чиз — “аз сузан то ракета”-ро истехсол мекунад.
Сиёсати Ғарб Русияро ба савдо бо кишварҳои Осиё пеш аз хама барои фурӯши нефту газ тела медиҳад. Ин на танҳо ба Чин дахл дорад. Масалан, Ҳиндустон ва Русия масъалаи таъсиси механизми ҳисоббаробаркуниро бо асъори миллӣ баррасӣ карданд менависад рӯзномаи Минт дар истинод ба як манбаъ дар ҳукумати Ҳиндустон. Содиркунандагони маҳаллӣ метавонанд ба ҷои доллар ва евро пули ҳиндӣ рупия пардохт кунанд.

Таҳдид ба доллар

Ба ин ё он роҳ, Русия ва Чин дар шароити кунунӣ ҳаҷми додугирифтро афзоиш медиҳанд. Маскав амалан роҳи дигаре надорад: ИМА ва муттаҳидонаш нисфи захоири асъори Русияро мунҷамид карда, муомилот бо Бонки Марказиро манъ карданд ва чанд бонки калидиро аз SWIFT хориҷ карданд.
Иқтисоддонҳо аз қурби "одилона"-и доллар дар ҳайрат уфтоданд
Чин яке аз бузургтарин дорандагони хориҷии захираҳои асъори Русия аст. Ӯ 13,8 дарсади шумораи онҳоро дорад, ки ба 630 миллиард доллар баробар аст. Илова бар ин, Пекин шарики асосии тиҷоратии Маскав аст. Ҳаҷми муомилот миёни ду кишвар дар соли гузашта аз 148 миллиард доллар бештар буд.
Аммо аз руи баъзе масъалаҳои муҳим — масалан, таъмини қисмҳо барои ҳавопаймоҳо — Пекин то ҳол мавқеи интизориро пеш гирифтааст. Reuters навишт, ки гӯё Чин ба чаҳор ширкати бузурги нафту гази худ тавсия додааст, ки ширикиашонро дар тарҳҳои Русия коҳиш диҳанд. Аммо вазорати хориҷаи Чин инро рад кард.
Дар баробари ин Вашингтон Пекинро бо муҷозот барои саркашӣ аз таҳримҳои зидди Маскав метарсонад. Вазири тиҷорати ИМА Ҷина Раймондо таҳдид кардааст, ки истеҳсолкунандагони нимноқилҳо Чин эҳтимол аз таҷҳизоту нармазори ИМА маҳрум шаванд.
Русия барои пардохти пули газ бо рубл як моҳ муҳлат медиҳад
Воситаи рафъи таҳримҳо метавонад юани рақамӣ бошад, ки расман моҳи феврал фаъолияташро оғоз кард. Мисли дигар асъорҳои электронӣ, он ба шумо имкон медиҳад, ки баъзе расидҳои бонкиро барои мувофиқат ба рӯйхати молҳои иҷозатдодашуда гузаред.
Ба кор андохтани юанҳои рақамӣ дар Вашингтон боиси нигаронӣ гардид: доллари электронӣ ҳанӯз дар ҳоли рушд аст. Бонки марказии ИМА гуфтааст, ки бо ин суръат бартарии байналмилалии долларро эҳтимол коста шавад. Ин Ҳам дар ҳолест, ки нуфуси евро низ нисбати доллар зиёд шудааст. Тибқи маълумоти SWIFT, дар моҳи декабри соли 2021 доллар 40,5 дарсади пардохтҳои ҷаҳониро ташкил додааст, дар ҳоле ки евро 36,7 дарсадро ташкил додааст.
Андрей Плотников, таҳлилгари байналмилалии молиявӣ мегӯяд: "Чин ҳеҷ ҷое барои густариши ҳудудӣ надорад, ба ҷуз Тайван. Аммо тавсеаи иқтисодӣ боз аст." Илова бар ин, юани рақамӣ воқеан метавонад ба Русия дар ҳалли мушкилоти зиёди иқтисодӣ ва кор дар атрофи таҳримҳо кумак кунад".

Дурнамои дарозмуддат

Маъруф набудани юан дар ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ, хоҳиши мақомоти Чин аст, ки мехоҳад қурби асъорро танзим намояд, шарҳ додааст коршинос.
Сиёсатмадори рус гуфт, ки чаро Русия мехоҳад газро бо рубл фурӯшад
Иван Белкин, мудири кулл ширкати Label Home Inc, мегӯяд "асъоре, ки комилан табдилшаванда нест, ба кишвар имкон медиҳад, ки вазъро дар бозори дохилӣ беҳтар назорат кунад ва ба осонӣ ба боҷҳо ва таҳримҳои беруна мутобиқ шавад. Ба ибораи дигар, Чин хуруҷи сармояро ба таври қатъӣ назорат мекунад".
Бо вуҷуди ин, барои русҳо юан як пули умедбахш ба назар мерасад: Чин яке аз чанд кишварест, ки ба қатъи робитаи бонкҳои Русия аз системаи SWIFT мухолифат кардааст.
Владислав Петленко қайд мекунад, ки "таҳкими юан дар тиҷорати хориҷии Чин бо Русия аз ҳаҷми содироти ашьёи хоми Русия, ки Чин барои қабули он омода аст, вобаста хоҳад буд. Масалан, Чин дар саноати металлургӣ истеҳсолоти бузурги худро дорад. Чин аз Русия каме нафт мехарад. Аммо эҳтимол дорад, ки Пекин ба афзоиши хариди ҳаҷми нафт розӣ шавад, агар таъминкунандагони русӣ нархҳоро коҳиш диҳанд”.
Иван Белкин мегӯяд, коршиносон бар ин назаранд, ки имрӯз русҳо бояд юанро харидорӣ кунанд.
Владислав Петленко низ бар он аст, ки нигоҳ доштани юан дар сандуқи сармоягузорӣ дар шароити кунунӣ бештар ва фоидаовартар аст.
Кремл гуфт, роҳи дигар нест, гази Русия танҳо ба ивази рубл фурӯхта мешавад
Бо вуҷуди ин, иқтисоди Чин суст танавоъбахшӣ шудааст. "Юан то ҳол пардохтпазирии байналмилалӣ надорад. Барои Пекин муддати тӯлонӣ нигоҳ доштани пули миллии арзон аз ҳисоби ҳаҷми бузурги содироти молҳо бо доллари ИМА ва дигар асъори хориҷӣ муфидтар буд", - мегӯяд Владислав Петленко.
То он даме, ки ин ҳодиса рух надиҳад, афзоиши нақши ширкатҳои чинӣ дар бозори ҷаҳонӣ боиси поин рафтани қурби юан мегардад. Ин маънои онро дорад, ки русҳо то ҳол хатари аз даст додани каме пул ҳангоми харидани юан доранд - ҳадди аққал дар муддати кӯтоҳ. Дар мавриди нақши асъори чинӣ дар савдои хориҷӣ бо Русия, бисёр чиз ба майлу хоҳиш ва аз ҳама муҳимтар, тавоноии Пекин ба бозии мустақил аз Ғарб вобаста аст.