Муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар гирифтани шаҳрвандии Русия пешқадаманд

Тибқи иттилои ВУД Русия, муҳоҷирони тоҷик дар соли 2021 нисбат ба зодагони Қазоқистон ва Арманистон бештар шаҳрандӣ гирифтаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Муҳоҷирони тоҷик аз рӯи гирифтани шаҳрандии Русия дар соли 2021 дар ҷои дуюм қарор доранд. Дар ин бора Вазорати умури дохилии Русия хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҷои аввалро шаҳрвандони Украина ва ҷойҳои сеюму чорумро шаҳрвандони Қазоқистон ва Арманистон аз худ карданд.
Теъдоди шаҳрвандони хориҷие, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 15 ҳазор нафар кам шудааст.

"Дар моҳҳои январ ва феврали соли 2022 шумораи шахсоне, ки нисбати онҳо қарор дар бораи қабули шаҳрвандии Федератсияи Русия қабул шудааст, 84 817 нафарро ташкил медиҳад", - омадааст дар хабар.

Ин ҳам дар ҳолест, ки соли гузашта ин рақам 99 873 нафар буд.
Казакова гуфт, кадоме аз муҳоҷирон метавонанд шаҳрвандии Русия гиранд
Муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев рӯзи 28 март дар ҷаласаи комиссияи байниидоравии Шӯрои амнияти Федератсияи Русия оид ба такмили сиёсати давлатии муҳоҷират ҷонибдори ҳадди аксар содда кардани расмиёти барномаи кӯчонидани аҳолӣ аз Донбасс ва Украина шуд.
Вай ба зарурати таваҷҷуҳ ба масъалаи донистани забони русӣ, ба масъалаи механизмҳое, ки имкон медиҳад, ин дониш баҳогузорӣ шавад, ҳамчунин масъалаи аз имтиҳон озод кардани шаҳрвандони кишварҳои дигар, ки забони русӣ барои онҳо забони модариашон аст, таъкид кард.