Даъвати Қирғизистон аз Русия: Муҳоҷиронро афв кунед

Қирғизистон аз мақомоти Русия даъват кардааст, ки дар соли равон боз як бори дигар муҳоҷиронро афв кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Талант Мамитов, раиси парлумони Қирғизистон аз мақомоти Русия даъват кардааст, ки дар соли равон як бори дигар "афви муҳоҷирон"-и қирғизистониро эълом кунад.
Вай ин пешниҳодашро ахиран дар мулоқот бо раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко, ки дар шаҳри Алматои Қазоқистон сурат гирифт, баён доштааст.
Оқои Мамитов ҳамчунин аз ҷониби Русия даъват кард, ки талабот нисбати ба муҳоҷирони қирғизистониро камтар кунад.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тирпаронӣ шуд, аммо феълан вазъ ором аст
Бояд гуфт, дар Русия тақрибан то 1 миллион шаҳрванди Қирғизистон кору зиндагӣ мекунанд. Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, дар соли 2021 муҳоҷирони ин кишвар ба Қирғизистон наздик ба 2,7 млрд доллар интиқол додаанд.
Гуфта мешавад, ки Русия дар ҳоли ҳозир 76 ҳазор қирғизистониро ба рӯйхати сиёҳ ворид ва вуруди онҳоро ба ин кишвар манъ кардааст.