ДУШАНБЕ, 29 мар – Sputnik. Саррофоне, ки дар “бозори сиёҳ”-и асъор дар кӯчаву бозорҳои Суғд ба харидани доллари амрикоӣ машғул буданд, ҳоло ба сарсонӣ дучор гардидаанд.
Ду рӯз ба ин тараф назди бонкҳо дар Хуҷанд пур аз издиҳоми мардум аст. Пайваста поёншавии қурби доллари амрикоӣ саррофони кӯчагӣ ва ё тоҷирони “бозори сиёҳ”-ро ба “дарди сар” гирифтор намудааст.
Ҳоло онҳо ҳар сад доллари ду ҳафта қабл бо нархи то 1380 то 1400 сомонӣ харидаашонро ба бонкҳо овардаву барои бо 1260 – 1280 сомонӣ фурӯхтани он дар навбат истодаанд.
“Ҷараёни кор маълум менамояд, ки қурби доллар рӯз ба рӯз поён шуда истодааст ва ҳеҷ кас ба болоравии он бовар надорад. Давоми даҳ рӯз қурби доллар дар кӯча аз 1400 ба 1298 сомонӣ поин омад. Барои аз ин ҳам бештар зарар надидан долларҳоро ба бонк, барои фурӯш овардем”, - иброз намуд, яке аз саррофон.
Зимнан ин яке аз манзараи камсобиқае миёни бонкҳои расмӣ ва тоҷирони “бозори сиёҳ”-и асъор дар навоҳии Суғд гуфта мешавад.
То ин вақт мардум умдатан барои харидани доллар бонкҳо мерафтанд, ҳоло баръакс бештар барои фурӯши он назди дари бонкҳо таҷаммуъ ба назар мерасад ва ин ҳама талош аз бими он аст, ки аз ҳисоби харид ва нигоҳдории ин пул зарари зиёди молӣ набинанд.
Дар ҳамин ҳол масъулони намояндагии бонки давлатии “Амонатбонк” дар вилояти Суғд гуфтанд, ки танҳо бо дарназардошти эълони расмии қурби пул, ки Бонки миллӣ муайян намудааст, нуқтаҳои хидматрасонии ин бонк ба харидани доллар аз муштариён машғул мешаванд.
25 марти 2022, 09:57
“Барои мисол, рӯзи гузашта сад доллар камтар аз 1260 буд, имрӯз боз аз ин ҳам камтар - 1250 сомонӣ аст”, – гуфт ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.
Зимнан дар дигар бонкҳои тиҷории кишвар арзиши сад доллари амрикоӣ барои харидорӣ то ба 1200 сомонӣ расидааст, ки аз коҳиши қобили мулозиҳаи қимати ин асъор дарак медиҳад.
Ҳоло ба фарқ аз оғози моҳи март арзиши рубли русӣ то 20 сомонӣ афзоиш ёфта, ҳазор рубли русӣ ба 139 сомонӣ, тибқи нишондоди БМТ, баробар шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки сабаби афзоиши якбораи доллар як силсила рӯйдодҳо дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ гуфта мешавад. Аз ҷумла эътирофи ҶМЛ ва ҶМД аз ҷониби Русия, оғози амалиёти вижаи Маскав барои ҳифзи Донбасс ва вокуниши Ғарб ба ин ҳодисаҳо, бахусус ҷорӣ кардани таҳримҳо мунҷар ба ноустоврии қурби асъор дар Тоҷикистон низ шудааст.
Аммо гашти ногаҳонии Русия, ки гуфт, кишварҳои ғайридӯсташ бояд гази гирифтаашонро бо рубл пардохт кунанд, давоми як ҳафтаи ахир куллан вазъи бозорро тағйир додааст.