Дар вилояти Намангони Ӯзбекистон мусобиқаи футбол бахшида ба таҷлили Наврӯз оғоз шуд. Дар "Ҷоми Наврӯз-2022" дар маҷмуъ 4 тими миллӣ ширкат мекунанд.
Дар байни дастаҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Уганда пурқувваттаринҳо маълум хоҳанд шуд.
Дар бозии аввал мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Уганда вомехӯрад.
Петр Сегрт, мураббии яккачини Тоҷикистон қабл аз бозӣ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ин мусобиқа як марҳилаи хуби омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мебошад, ки моҳи июн баргузор мешавад.
Ӯ гуфт 11 нафар аз бозингарон бо сабабҳои гуногун дар ҳайати яккачини кишвар ба он ҷо нарафтаанд.
Номбурда изҳори умедворӣ кард, ки онҳо то мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё ба сафи тими миллӣ бармегарданд.
"Ҳоло муҳим нест, ки чанд бозигар нест, зеро дар айни замон тамоми футболбозони пурқувват бо мо ба Намангон омадаанд",- таъкид кард Сгерт.
Мутахассиси хорватӣ гуфт, сармураббии тими миллии Угандаро мешиносад ва ҷиҳатҳои тавонои дастаро медонанд.
Мавсуф таъкид кард, тамоми маҳоратро истифода мекунанд, то натиҷаи дилхоҳ ба даст оранд.
Маврид ба зикр аст, ки тими миллии Уганда дар радабандии ФИФА аз Тоҷикистон 30 зина болотар аст.