ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои ишғоли ҷойҳои холии кор дар ин ниҳод озмун эълон кардааст.
Тибқи иттилои вазорат, он ба мутахассиси пешбари Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус ниёз дорад, ки маоши мансабияш 1124 сомониро ташкил медиҳад.
Барои мақомҳои холии дигар, аз ҷумла муовини сардори Раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак 2256 сомонӣ ва мутахассиси Раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак 924,6 сомонӣ маош таъйин гардидааст.
Инчунин ҷойҳои мутахассиси пешбари Раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм бо 1124 сомонӣ маош, сардори шуъбаи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва ҳисоботи молиявӣ - 2056 сомонӣ, 2 ҷойи сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ - 1380 сомонӣ, мутахассиси пешбари шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ - 1124 сомонӣ, мутахассиси пешбари шуъбаи коргузорӣ ва назорати иҷро - 1124 сомонӣ ба озмун пешниҳод карданд.
Таъкид шудааст, ки иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хидмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали тарифӣ пардохт мешавад.
Дар феҳрасти талабот донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забони хориҷӣ ва компютер зикр гардидаанд.
Манбаъ афзуд, ки довталабон бояд ҳуҷҷатҳои худро давоми 21 рӯз баъди нашри эълон ба Вазорати маориф дар кӯчаи Нисормуҳаммад 13-А, дар шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд. Рақамҳои телефонии 221 37 65 ва 2 27 67 07 барои тамос ва маълумоти бештар пешниҳод гардидаанд.