ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) раддабандии ҷаҳонии варзишгаронро нав кард. Тибқи феҳристи навшуда, варзишгарони тоҷик мақоми худро иваз кардаанд.
Темур Раҳимов дар радабандии дзюдочиёни тоҷик, ки дар вазни +100 кг бо 3564 имтиёз аз зинаи 4-ум ба зинаи 3-юм баромад, натиҷаи беҳтарин дорад.
Дувум Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90 кг аст. Вай 2400 хол дорад ва дар зинаи 11-ум аст. Ӯ як зина боло рафт.
Сомон Маҳмадбеков дар вазни 73 кг бо 2167 имтиёз ҷои 15-умашро дар феҳристи ҷаҳонӣ нигоҳ дошт. Дар вазни 60 кг Шаҳбоз Саидаброров миёни тоҷикон дар мақоми чаҳорум қарор дорад. Вай дар ин вазн дар рейтинг ҷои 55-умро гирифта, ҳашт зинаро аз даст додааст.
Дар вазни то 90 кг Ҷаҳонгир Маҷидов мақоми 57-умро (546 имтиёз) нигоҳ дошт. Акмал Муродов дар вазни 81 кг дар ҷои 59-ум (596 имтиёз) қарор дорад. Ӯ як зинаро аз даст дод. Муҳаммадраҳим Сарахонов дар радабандӣ миёни тоҷикон ҳафтгонаи беҳтаринро поён медиҳад ва бо 420 имтиёз дар вазни 73 кило дар ҷои 71-уми радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Номбурда 2 зина мавқеяшро беҳтар кардааст. Дигар ҷудокорони тоҷик дар зинаҳои баъдӣ қарор гирифтаанд.
Ба рейтинг духтарони Тоҷикистон низ ворид шудаанд. Мавқеи баландтаринро Шукрона Қарчиева гирифтааст, ки ӯ дар вазни 48 кг (272 имтиёз) дар мақоми 76-ум нишастааст. Аҳлия Муъминова бошад, дар вазни 52 кг дар ҷои 182 (6 имтиёз) қарор дорад.
Ҷадвали мақомҳо аз рӯи баромадҳои варзишгарон дар арсаи байналмилалӣ тартиб дода мешавад. Аммо бо гузашти вақт арзиши рейтингии натиҷаҳои қаблӣ коҳиш меёбад ва онҳо бо натиҷаҳои навтарин иваз карда мешаванд.
Хусусиятҳои дигари ҳисобу китоб низ ҳастанд, масалан, 6 нишондиҳандаи беҳтарини сол ба ҳисоби ҷудочӣ ворид карда мешавад. Баромад дар арсаи байналмилалӣ вобаста ба сатҳи мусобиқа ба хазинаи ҷудочиён хол меорад.
Қобили зикр аст, ки наздиктарин мусобиқот барои дзюдочиёни тоҷик мусобиқаи "Grand Slam" дар Анталия рӯзҳои 1-3 апрел хоҳад буд. Дар он шаш нафар аз варзишгарон баромад хоҳанд кард. Инҳо Абубакр Шеров - 66 кг, Шаҳбоз Саидабӯроров - 66 кг, Сомон Маҳмадбеков - 73 кг, Комроншоҳ Устопириён - 90 кг, Ҷаҳонгир Маҷидов - 90 кг, Абубакри Акобир - 100 кг мебошанд.