Раҳмон Кодекси манзили нав дар Тоҷикистонро имзо кард

Президенти Тоҷикистон бархе қонунҳоеро, ки ду палатаи парлумони кишвар қабул намуда буд, имзо кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар баробари як қатор қонунҳо инчунин Кодекси манзили кишварро низ имзо кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, кодекси нав асосҳои соҳиб шудан ба манзил, истифодабарии он, хидматрасониҳои коммуналӣ, нигоҳдорӣ ва баҳисобгирии давлатии фонди манзилро танзим мекунад.
Таъкид шудааст, ки ҳадаф аз Кодекси манзили нав, ки раисҷумҳури барои таҳияи он ҳанӯз 13 соли қабл дастур дода буд, рушди манзилдорӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон қонунҳо "Дар бораи захираҳои генетикӣ", "Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ", Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои андоз ва гумрукро имзо кардааст.
"Хонахарҳо дар марказ ду мошинӣ доранд": раиси кумита аз мушкили таваққуфгоҳҳо гуфт
Дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон мегӯяд, қонунҳои мазкур ба рушди соҳаҳои агросаноатӣ ва захоири генетикӣ мусоидат намуда, ба ҳифзи растаниҳо, ҳайвонот ва микроорганизмҳо, дастгирии давлатии соҳа равона гардидаанд.
"Қонунҳои қабулгардида ба пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳибкорӣ, савдои хориҷӣ, беҳдошти сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар равона шудаанд", - омадааст дар иттилоия.
Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон зикр намуд, ки санадҳои имзокардаи Раҳмон баъди нашрашон дар матбуот мавриди амал қарор мегиранд.