Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Музокироти 7-соатаи намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон: ба чӣ тавофуқ расиданд?

Дар ин мулоқот, ки баъд аз тирпарронии ахир дар марз сурат гирифт, ҷонибҳо сари якчанд масъалаи сарҳадӣ тавофуқ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik. Мулоқоти беш аз шашсоатии ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи масъалаҳои марзӣ бо имзои як санад (протокол) ба анҷом расид.
Зубайдулло Шомадов, котиби матбуотии ҳукумати шаҳри Исфара ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки гуфтушуниди ҷонибҳо беш аз шаш соат давом кард.

"Мулоқоти ҷонибҳо, аз соати 9:00-и субҳ то соати 16:00 бо вақти маҳҳалӣ давом кард. Ҷонибҳо дар поёни кори мулоқот як санад (протокол) имзо карданд”, – гуфт Шомадов.

Аммо дар бораи он ки санади баимзорасида мушаххасан кадом масъалаҳои сарҳадиро танзим мекунад, ин манбаъ изҳори бехабарӣ кард.
Баъди баимзорасонии ин санад фармондеҳони нерӯҳои сарҳадбонии ҳар ду кишвар изҳори бовар намуданд, ки амнияти ҳар ду кишвар дар хатти марзи давлатӣ ҳифз карда мешавад ва ҳар ду ҷониб созишномаи ҳосилшударо риоя карда, фазои орому осудагии мардумро дар хатти сарҳадро таъмин менамоянд.
Мулоқоти имрӯза таҳти роҳбарии Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Абдикарим Алимбоев, раиси вилояти Бодканд, бо иштироки фармондеҳони марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон ва ҳокимони шаҳру навоҳии наздимарзии ин ду кишвар соати 9:00 субҳ дар гузаргоҳи Гулистони шаҳри Исфара, дар назикии марз бо ноҳияи Ботканд оғоз ёфта буд.
Оғози гуфтушуниди гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон баъди нооромии ахири марзӣ
Мақомоти ду кишвар ҳадафи гуфтушунидро пешгирӣ аз муноқишаҳо дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва таъмини амнияти сокинони наздисарҳадӣ арзёбӣ кардаанд.
Ёдовар мешавем, таниши ахир дар марз субҳи рӯзи 10-уми март сар зад, ки дар пайи тирпаронии марзбонони қирғиз дар Чоркӯҳ марзбони тоҷик Сунатулло Самадов кушта шуд.
Ҳамзамон шаби 11 март низ марзбонони қирғиз ҷониби хонаҳои тоҷикон оташ кушоданд, ки мақомот инро тасдиқ карданд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Музокироти ҳайати Қирғизистон ва Тоҷикистон пас аз даргирии шабона: чӣ ҳосил шуд?
Дар пайи ин таниши марзӣ мулоқот миёни мақомоти сарҳадбонии ду кишвар баргузор шуд ва тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки воқеаи мусаллаҳонаро таҳқиқ карда, натоиҷи муқаддамотӣ дар мулоқоти раҳбарони ниҳодҳои марзбонии Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки рӯзи 12 март баргузор мегардад, эълом шавад.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки феълан беш аз 460 километри он муайян нашудааст. Номуайянии қисматҳои боқимондаи марз гоҳе ба муноқишаҳои сарҳадӣ боис мешавад.