ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, 4 варзишгари тоҷик дар ниммарафони байналмилалии Созмони ҳамкории Шанхай - СҲШ ширкат мекунанд.
Манбаъ афзуд, ки ин мусобиқаи байналмилалӣ 27 март дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад.
Фонди ҷоизавии ниммарафон ҳудуди 1,5 млн сомониро ташкил дода, дар он иштироки варзишгарон аз кишварҳои узви СҲШ дар назар аст. Ҳамчунин бахшида ба Иди Наврӯз чаҳорумин ниммарафони байналмилалии Тошканд гузаронда мешавад.
Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон дар феҳрасти варзишгарони тоҷик, ки дар ин мусобиқаҳо иштирок мекунанд, Аъзамҷон Давлатов, Меҳрубон Шамсиддинов, Зулҳиҷҷа Ғаффорзода ва Раҷабмоҳ Абдуллоеваро ном бурдаст.
Зикр гардидааст, ки Меҳрубон Шамсиддинов иштирокчии Чемпионати ҷаҳон - 2017 дар Кампалаи Уганда ва ниммарафони ҷаҳонии Валенсиа дар соли 2018 буда, рекорди инфиродиаш - 1:11:35 мебошад. Ниммарафонҳо бар асоси меъёрҳо ба мусофиаи ҳудуди 21,1 км гузаронда мешаванд.
Дар феҳрасти беҳтарин натиҷаи варзишгарони Тоҷикистон оварда шудааст, ки нишондоди Аъзамҷон Давлатов 1:13:03, Зулҳиҷҷа Ғаффорзода – 1:30:05, Раҷабмоҳ Абдуллоева – 1:32:11 мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки ниммарафони СҲШ бо ташаббуси ин созмон аз соли 2016 баргузор мегардад. Соли гузашта низ шаҳри Душанбе мизбони ин чорабинии байналмилалӣ буд.
Маврид ба зикр аст, ки ниммарафони СҲШ бо ташаббуси ин созмон аз соли 2016 баргузор мегардад. Соли гузашта низ шаҳри Душанбе мизбони ин чорабинии байналмилалӣ буд.