ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Рамазон Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон дар бораи як орзуи деринаш гуфт, ки Бритониё онро барбод додааст.
"Ман орзуе доштам. Мехостам аз ин кишвар дидан кунам. Дар Лондон сайр кунам, аз манзараҳои Темз аз пули Тауэр тамошову лаззат барам, аз Биг Бен ва Қасри "Букингем" дидан кунам ва дар майдони "Трафалгар" сайру гашт намоям", - гуфт Қодиров дар шабакаи "Telegram"-и худ.
Аммо ҳоло Қодиров иқрор мешавад, имкон дорад, ин орзуяш амалӣ нашавад.
“Оянда чӣ кор кунам, чӣ тавр зиндагӣ кунам?” — бо тамасхур суол мекунад роҳбари Чеченистон.
Қодиров мақомоти Бритониёро барои рафтори ношоиста маҳкум кард ва маслиҳат дод, ки “маро маҷбур ба вокуниш накунед, вагарна ин таҳримҳои шумо дар қиболи ғазаби ман ҳеҷанд”.
"Шумо нагузоштед, орзуи як сайёҳе, ки танҳо мехост, ба олами Шекспир ва Шерлок Холмс фуру равад, амалӣ шавад", - хулоса кард Рамазон Қодиров.
Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешавад, ки то ҳол се даври он анҷом ёфтааст. Ҳар ду ҷониб мегӯянд, гуфтушунидҳоро идома хоҳанд дод.