Кор бо мардум, бе фасод: дастури Шералӣ Мирзо барои ислоҳи камбудиҳо дар даъвати баҳорӣ

Вазири мудофиаи Тоҷикистон омодагӣ ба даъвати баҳориро бо масъулини ин соҳа баррасӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон изҳор доштааст, ки дар ҷумҳурӣ ҷавонони синни даъвати ҳарбӣ аз талаботи қувваҳои мусаллаҳ ба маротиб зиёд аст.
Тибқи иттилои Вазорати мудофиа, дар чунин шароит генерал Мирзо муҳим хонд, ки аз байни ҷавонони ҳамаи табақаҳои аҳолии кишвар, беҳтаринҳо интихоб ва ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ даъват шаванд.
Вазир бо зикри таҷрибаи даъватҳои гузашта изҳор дошт, ки бо вуҷуди иҷрои пурраи нақшаи даъвати шаҳрвандон дар бархе шаҳру навоҳӣ дар натиҷаи беэътиноӣ зоҳир намудани масъулин мушкилиҳои ҷиддӣ низ ба назар мерасанд.
Ӯ дастур додааст, ки камбудиҳо бартараф карда шаванд.
Ҷалби фарзандони мақомдорон ба артиш ва таъкиди Ҳакимзода ба сабаби хидматгурезиҳою ислоҳ
Шералӣ Мирзо муҳим хондааст, ки дар маъракаи даъвати наваскарон ҳамкории густурда бо аҳолӣ роҳандозӣ шавад. Вазир аз муроҷиати шаҳрвандон ба унвонияш зикр намуда, масъулинро муваззаф кардааст, ки барои ҳалли мушкилоту дигар масоили марбути даъвати ҷавонписарон дар чаҳорчӯбаи қонун сари вақт қарорҳо карда шаванд.
Генерал ҳамчунин муҳим хондааст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти шаҳриву ноҳиявӣ ба омӯзиши шахсияти даъватшавандаҳо таваҷҷуҳ шавад.
Таъмиру тармим намудани бинову иншооти комиссариатҳои ҳарбӣ, саҳмгузорӣ дар ободонӣ ва сабзу хуррамгардонии муҳити зист, сифатан хуб ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватӣ, пешгирӣ намудани сатҳи содиршавии ҳар гуна қонуншиканиҳо, бахусус ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта аз дастуроти дигари Шералӣ Мирзо будаанд.
Даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 бо фармони президенти Тоҷикистон моҳҳои апрел майи соли равон амалӣ мешавад.