Хашми сагҳои бесоҳиб дар Суғд: беш аз чор ҳазор захмию се ҳолати сироят ба ҳорӣ

Давоми як соли охир 4190 сокини Суғд аз ҳамлаи сагҳои бесоҳиб ва дигар ҳайвоноти ваҳшӣ захм бардоштаанд. Се ҳолати бемории ҳорӣ (девонагӣ) ба қайд гирифта шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 мар – Sputnik. Дар ин бора аз Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии Суғд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Таҳмина Усмонова, сардори МНДСЭ вилояти Суғд дар шарҳи ин омор гуфт, чунин ҳолот аз ҳисоби ҳайвоноти бесоҳиб дар соли 2021 ба 352 маврид зиёд ба қайд гирифта шудааст.

“Агар соли 2020 ҳамагӣ 3838 нафар аз ҳамлаи ҳайвонот захмӣ шуда бошанд, соли 2021, мутаассифона, ин омор ба 4190 ҳолат баробар шудааст. Аз ин шумор дараҷаи ҷароҳати беш аз 30% аз сокинон вазнин арзёбӣ шудааст”, – зикр кард Усмонова.

Сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии Суғд мегӯяд, сокинон асосан аз ҳисоби ҳамлаи сагҳои бесоҳиб захмӣ шудаанд. Чунин ҳодисаҳо асосан дар ноҳияҳои Ашт, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Спитамен ва шаҳрҳои Конибодом, Хуҷанд, Гулистон зиёд ба қайд гирифта шудааст.
Фаъолияти зиёновар: вазъи буҳронии шуъбаҳои “Почтаи тоҷик” дар навоҳии Суғд
Бар пояи иттилои манбаъ, дар пайи ҳамлаи ҳайвоноти ваҳшӣ се мавриди бемории ҳорӣ дар миёни сокинони ин вилоят низ сабт шудааст.
“Гирифторӣ ба бемории ҳорӣ се ҳолат ва дар ноҳияҳои Ашт, Мастчоҳ ва шаҳри Конибодом ба қайд гирифта шудааст” – иброз намуд, сардори МНДСЭ Суғд.
Масъулони идораи беҳдоштӣ гуфтанд, ки дар пайи ёфт шудани бемории ҳорӣ комиссияи фавқуллодаи зиддиэпидемикӣ бо иштироки роҳбарони баландмақомои ҳукумат ташкил шуд ва масъулони соҳа барои огоҳ кардани мардум аз паёмади ин беморӣ ба шаҳру навоҳии Суғд сафар карданд.
Соли гузашта дар пайи зиёд шудани мавридҳои захмбардорӣ аз сагҳо дар Суғд 4149 саги бесоҳиб аз сӯйи кормандони идораи хоҷагию манзилӣ нобуд карда шудааст.