Кӣ омаду кӣ рафт: Бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон мавсимро бо ҳайатҳои қавӣ пешвоз мегиранд

Дар остонаи мавсими нав дар бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон интиқоли бозигарон идома дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Бошгоҳҳои Лигаи олии чемпионати футболи кишвар ба мавсими нав омодагӣ дида, дар баробари ин ҳайати дастаҳои худро пурзӯр карда истодаанд. Баъзе дастаҳо бозингарони худро ба хориҷа фиристоданд.
Sputnik Тоҷикистон дар бораи ҷолибтарин трансферҳои мавсим мегӯяд.
Билохира "Истиқлол"-и Душанбе, ки ба зудӣ дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC ширкатро оғоз мекунад, фаъолтар шуд. Инак собиқ бозигари тими футболи "Тамбов" ва "Крылья Советов" Никита Чичерин ба бошгоҳи душанбегӣ гузашт ва аз "Нефтехимик"-и Русия рафт.
Илова бар ин тими эронии “Сирҷон Гол Гоҳар”-и Лигаи аввал ҳамлагари габонӣ Эрик Бокумро ба “Истиқлол” иҷора дод.
Қимати бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон коҳиш ёфтааст
Мавсими истироҳат бо бозгашти нимҳимоятгар Нуриддин Давронов, ки чанде қабл аз бошгоҳи "Персита" рафт, қайд карда шуд. Ӯ боз ба дастаи пештарааш – "Истиқлол" баргашт.
Ҳимоятгари украинӣ Алексей Ларин, ки ба яке аз чеҳраҳои бошгоҳ табдил ёфтааст, акнун дар ҳайати "Пахтакор"-и Ӯзбекистон бозӣ мекунад.
Ҳимоятгари дигари “Истиқлол” Зоир Ҷӯрабоев низ легионер шуд – ҳоло дар бошгоҳи “Сурхон”-и Ӯзбекистон бозӣ мекунад.
Бошгоҳи футболи “Хуҷанд”, ки дар арсаи Осиё бозӣ мекунад, ҳайати худро бо ҳамлагари “Истаравшан” Муҳаммадалӣ Азизбоев пурзӯр кард. Ҳамчунин легионери узбакистонӣ Шоҳруҳ Маҳмудҳоҷиев аз “Навбаҳор” ба ин даста омад.
Илова бар ин ҳайати бошгоҳи Суғдро як ҳамлагари камерунӣ Эммануэл Тухед пурра мекунад, ҳоло ӯ аз санҷиши тахассусӣ мегузарад.
Нимҳимоятгари тими "Душанбе" Хуршед Абдуллоев ба ҳайати ССКА-и пойтахт, ки дар Ҷоми AFC бозӣ мекунад, мепайвандад. ССКА ҳимоятгар Алишер Сафаровро, ки қаблан дар дастаҳои "Истиқлол" ва "Вахш" бозӣ мекард, низ ба ҳайати даста пазируфт.
Гаронарзиштарин футболбозони мунтахаби Тоҷикистон эълон шуданд: ном ба ном
Ҳимоятгар Бахтиёр Қаландаров, ки дар "Истаравшан" бозӣ мекард, ба дастаи "Айзавл"-и Ҳиндустон, ки дар лигаи дуюми кишвар бозӣ мекунад, гардид.
Ҳайати легионерҳои тоҷикро нимҳимоятгар Саидхӯҷа Муҳаммадшарифӣ бештар кард. Ӯ бозигари "Шахтёр"-и Петриково, ки дар Лигаи якуми Беларус бозӣ мекунад, шуд. Номбурда қаблан дар "Равшан"-и Кӯлоб бозӣ мекард.
Ҳимоятгар Бахтиёр Қаландаров, ки дар "Истаравшан" бозӣ мекард, , ба дастаи "Айзавл"-и Ҳиндустон, ки дар лигаи дуюми кишвар бозӣ мекунад, рафт.