ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Раисҷумҳури ИМА Ҷо Байден дастур дод, ки барои кумак ба Украина 600 миллион доллар, аз ҷумла 350 миллион доллар барои дифоъ ҷудо кунад.
"Ба котиби давлатӣ салоҳияти зеринро бидиҳед... барои расонидани кумаки фаврии низомӣ ба Украина", - омадааст дар ёддоште, ки Байден имзо кардааст.
Матни ҳуҷҷатро хадамоти матбуотии Кохи Сафед паҳн кардааст.
Дар санад гуфта мешавад, ки дар доираи салоҳияташ котиби давлатии ИМА бояд муайян кунад, ки кумаки бемузд ба Украина ба маблағи 250 миллион доллар ба манфиати ИМА аст ё на.
Ин дар ҳолест, ки Байден пас аз эълони амалиёти низомӣ дар Украина аз сӯйи Русия аз ҷорӣ кардани таҳримҳои сангин алайҳи Русия хабар дод.
Байден гуфт, шариконашро низ водор месозад, то бар зидди Русия таҳримоти шадид ҷорӣ кунанд.
Рӯзи 24 феврал Путин эълон кард, ки тасмим гирифтааст, амалиёти вижаи низомие барои ғайринизомӣ сохтани Украина роҳандозӣ намояд.
Дар як паёми телевизионӣ ба русҳо ӯ гуфт, ки вазъият "аз мо иқдоми қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кумак ба Русия муроҷиат кардаанд".
Раисҷумҳури Русия изҳор дошт, ки тамоми масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд ва аз низомиёни украинӣ даъват кардааст, ки фармонҳои ҷиноии мақомоти Украинаро иҷро накунанд, силоҳҳояшонро ба замин гузоранд ва ба хонаҳояшон бираванд.
Баъдан Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба шаҳрҳои Украина ҳеҷ гуна ҳамлаи мушакӣ, ҳавоӣ ва тӯпхонаӣ анҷом доданӣ нестанд, балки мехоҳанд кишварро ғайринизомӣ созанд.