ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Петр Сегрт, сармураббии тими миллии Тоҷикистон зимни шарҳи натиҷаи қуръапартоии Ҷоми Осиё-2023 гуфт, даста шинохти бозии бархе рақибонро аллакай дорад.
Бар асоси натиҷаи қуръапартоӣ, Тоҷикистон дар гурӯҳи "F" бо тими Мянмор (8 июн), Сингапур (11 июн) ва Қирғизистон дар 14-уми июни соли равон дар шаҳри Бишкек бозӣ мекунад.
"Мунтахаби Тоҷикистон аллакай дар марҳилаи интихобии Қаҳрамонии ҷаҳон-2022 бо тимҳои Қирғизистону Мянмор бозӣ кард. Барои ин дар гурӯҳи мо рақибони шинос ҷамъ омадаанд", - гуфт Сегрт.
Ӯ таъкид намуд, ки бозиҳои интихобӣ барои ягон даста осон нахоҳанд буд.
"Бояд ҳарифро эҳтиром карду ҷиддӣ ба бозиҳои моҳи июн омода шуд. Ман ба тимамон боварӣ дорам. Вазифаи мо гирифтани роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мебошад", - изҳор дошт сармураббӣ.
Вай изҳори боварӣ намуд, ки метавонанд барои нахустин бор дар таърихи Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё бароянд.
Маврид ба зикр аст, Петр Сегрт, мутахассиси 55-солаи хорватӣ мебошад, ки ахиран ба ҳайси сармураббии тими миллии Тоҷикистон бо ФФТ барои як сол шартнома бастааст.
Ӯ гуфт, дар сурати роҳ ёфтани тими Тоҷикистон ба қисмати ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 шартнома автоматӣ тамдид мешавад.
Вай аз шароит ва зарфияти футболбозони тоҷик тавсиф карда афзуд, ки тамоми талошро барои муваффақ шудан дар мусобиқаи Ҷоми Осиё анҷом хоҳад дод.
"Аммо ягона чизе, ки ман кафолат дода метавонам, ин аст, ки 24 соат дар шабонарӯз барои рушди футболи тоҷик кор мекунам. Бо ситодам тамоми талошу донишро барои расидан ба ин ҳадафҳо равона месозам", - таъкид намуд сармураббӣ.
Мусобиқаи Ҷоми Осиё-2023 тобистони соли оянда дар Чин дар назар аст. Қаҳрамони феълии ин мусобиқа тими Қатар мебошад.