Боздиди Матвиенко аз майдони сохтмони мактаби русӣ ва мулоқот бо омӯзгорони русиягӣ

Дар доираи созишномаи байнидавлатӣ Русия дар шаҳрҳои Тоҷикистон 5 мактаби русӣ месозад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия ҳамроҳи Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон аз майдони сохтмони мактаби русӣ дар Душанбе боздид кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ, мактаби русӣ дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои 1224 хонанда дар ҳоли бунёд.
Манбаъ зикр намуд, ки муассисаи таълимии мазкур дар доираи татбиқи Созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия аз 17 апрели соли 2019 сохта мешавад. Бар асоси ин созишнома, сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии моддию техникии муассисаҳои таҳилоти миёнаи умумӣ бо забони русӣ барои 1224 ҷойи нишаст дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода дар назар аст.
Оғози озмуни бурсияҳо барои таҳсил дар панҷ кишвари хориҷӣ дар Тоҷикистон
Матвиенко, ки дар садри як ҳайати парлумонии Русия дар Тоҷикистон қарор дорад, инчунин тавассути видеоконференсия бо рафти корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои таълимии дигар низ шинос гардидаст.
Раиси палатаи болоии парлумони Русия ҳамчунин аз Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони лаёқатманди Тоҷикистон дар ноҳияи Сино дидан карда, бо муҳассилину омӯзгорон суҳбат доштаст.
"Аз ҷумла дар доираи лоиҳаи башардӯстонаи "Омӯзгори русиягӣ дар хориҷа" дар литсей-интернат 5 омӯзгор аз Русия ба хонандагон дарс меомӯзанд", - афзуд манбаъ.
Дар доираи сафараш Матвиенко бо ҷараёни машғулиятҳо дар синфхонаҳои фаннӣ, инчунин шароиту имкониятҳои таълимию илмомӯзӣ шинос шуда, бо омӯзгорони русиягӣ дар Душанбе ва навоҳии атрофи он суҳбат анҷом додааст.
Маврид ба зикр аст, ки дар доираи лоиҳаи башардӯстонаи "Омӯзгори русиягӣ дар хориҷа" дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон даҳҳо омӯзгор фаъолият мекунанд.