ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар шадидан коҳиш ёфта ва ҳоло 1000 рубл 144 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар 1000 рубл 149 сомонӣ арзиш дошт.
Қурби рубл охирин бор ба ҳадди ниҳоияш тирамоҳи соли 2021 расида буд, ки он замон 1000 рубл 159 сомонӣ арзиш дошт. Ин асъор сар аз соли ҷорӣ дар ҳоли ноустуворӣ қарор дорад.
Арзиши асъори аврупоӣ бошад, пас аз болоравӣ дар оғози сол ахиран поин рафта, боз дар ҳолати шинокунанда қарор гирифт.
Ҳоло дар бозори арзи кишвар бар ивази як евро 12.8266 сомонӣ медиҳанд, ки дар баробари рӯзи қаблӣ (12.8413) боз коҳиш ёфтааст.
Охирин нишондиҳандаи баланди пули аврупоӣ рӯзи 14-уми январ сурат гирифт, ки 1 евро то 12.9577 сомонӣ боло рафта буд.
Қурби пули амрикоӣ ҳамоно устувору бетағйир аст. Арзиши як доллар дар Тоҷикистон ҳоло ба 11,30 сомонӣ баробар аст.