ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Дилшод Назаров, қаҳрамони олимпии Тоҷикистон аз вазифаи муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумат озод гардид.
Қарори ҳукумат дар ин бо имзои Эмомалӣ Раҳмонро дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон нашр кардааст.
Ба иттилои манбаъ, сабаби барканории Назаров гузаштан ба кори нав мебошад. Аммо дар мавриди мақоми нави ӯ феълан иттилое рӯи даст нест. Ӯ қаблан ноиби президенти Куимтаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб гардида буд.
Инчунин Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш озод гардид.
Ҳукумат ба мақоми муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон Шабнам Раҳимзодаро таъйин намудааст.
Чоршанбезода Сураҷ, ки то ҳол мудири бахши ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд, мақоми муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзишро гирифт. Собирзода Парвиз низ муовини раиси кумитаи мазкур таъйин шудааст.