ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Қувваҳои Мусаллаҳи Қирғизистон аз мақомоти қудратии Туркия таҷҳизоти техникӣ дарёфт кард.
Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуотии Вазорати дифои ин кишвар хабар медиҳад.
Вазорати дифои Туркия ба ҷониби Қирғизистон мошин, техникаи махсус ва дигар лавозимоти низомӣ додааст.
Муовини вазири дифои Қирғизистон Таалайбек Усубалиев ба сафири Туркия Аҳмад Содиқ, ки дар маросими интиқоли ин таҷҳизот ҳузур дошт, барои кумакҳои моддию техникӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Қирғизистон ва мусоидат дар таълими кадрҳои низомии қирғиз дар муассисаҳои таълимии низомии Туркия изҳори сипос кардааст.
Турция передала КР военные автомобили и другое оборудование
© Пресс-служба Министерства обороны Киргизской Республики
Вай изҳор доштааст, ки ҷониби Қирғизистон омодааст, робитаҳои дуҷониба дар самтҳои мавҷуда ва ояндадори ҳамкориҳоро боз ҳам густариш диҳад.
Ин дар ҳолест, ки моҳи октябри соли 2021 дар Бишкек 40 зиреҳпӯши ҷангӣ, ки бо пули буҷа барои Хадамоти давлатии марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон харида шуда буданд, ба истифода дода шуданд.
Дастгоҳи раёсатҷумҳурии ин кишвар хабар дод, ки нахустин бор аз буҷа 300 миллион сом барои ин миқдор таҷҳизот масраф шудааст. Мошинҳои ҷангӣ ва аслиҳа ба вилояти Бодканд фиристода мешаванд.
Турция передала КР военные автомобили и другое оборудование
© Пресс-служба Министерства обороны Киргизской Республики
Ҳамчунин Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон низ аз тасмими харидории ҳавопаймоҳои бесарнишини "Байрактар" ва "Орлан-10" аз Туркия ва Русия хабар дод.