ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Вазорати маорифи Ӯзбекистон дар шабакаи "Telegram"-и худ шикоятҳо дар бораи ҷалби омӯзгорон ба нишастҳои шомгоҳӣ баъд аз соати кориро шарҳ дод.
Дар ин бора Sputnik Ӯзбекистон менависад.
Ба гуфтаи вазорат, вақтҳои охир шикоятҳо зиёд шудаанд, ки омӯзгорони мактабҳо бегоҳӣ, баъд аз рӯзи корӣ маҷбуранд, дар нишастҳои фарҳангию маърифатӣ ширкат кунанд.
"Ин чорабиниҳои беруназсинфӣ барои ҷавонони бесавод (18-30 сола) пешбинӣ шудаанд ва ташкили кардани ин гуна нишастҳо ба зиммаи Агентии кор бо ҷавонон, бахусус пешвоёни ҷавонони маҳаллӣ вогузор шудааст", - тавзеҳ медиҳад хадамоти матбуоти ин ниҳод.
Вазорат таъкид менамояд, ки мутобиқи фармони президент, ҷалби маҷбурии мудирияти мактабҳо, омӯзгорон ва хонандагон ба фаъолияте, ки ба кору таҳсили онҳо вобаста нест, манъ аст.
Дар сурати вайрон кардани ин талаб роҳбарони ташкилотҳои давлатӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Ҳамчунин зарур аст, ки аз инфрасохтори мактабҳо (китобхонаҳо, толорҳои варзишӣ, синфҳои компютерӣ, толорҳои маҷлисӣ) оқилона истифода бурд, то мактабҳо ба “марказҳои маънавии ҷомеа” табдил шаванд, хотиррасон мекунад хадамоти матбуотӣ.